Ҷазо барои қатли бародаре, ки падарашро аз хона рондаст: қарори додгоҳ

© Sputnik Нож в руке, архивное фото
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Додгоҳи олии Тоҷикистон сокини ноҳияи Рӯдакиро барои қатли бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, маҳкумшуда бародарашро барои он куштааст, ки ӯ падарашро аз хона рондаст.
Ба иттилои Додситонӣ, зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки муттаҳам 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ аз падараш огоҳ шудааст, ки бародараш ӯро барои нӯшидани нушокии спиртӣ аз хона рондааст.
Муттаҳам дар қатли хоҳар бо ҳамроҳи кормандони милиса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Бародари норозӣ аз рафтори хоҳари 19-солааш ӯро кушт – видео
"Баъди шунидани шикояти падараш ӯ ба ғазаб омада, тариқи телефони мобилӣ бо бародараш ҷанҷол намуда, касди аз ҳаёт маҳрум намудани охиринро тарҳрезӣ кардааст", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Таъкид шудааст, ки муттаҳам бо мошини кироя ба хонаашон ҳозир шуда, бародарашро, ки дар ҳолати оҷизӣ хоб будааст, 10 маротиба корд задааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, омадааст дар иттилоияи Додситонии кул.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баррасии парванда муттаҳамро ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Назари маҳкумшуда ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи иттиҳому ҳукми додгоҳ маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала