Аҳмад Масъуд: Панҷшер бо як шарт ҷангро бо Толибон* хотима медиҳад

© AFP 2023 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Пас аз он ки Толибон* ин шартро иҷро мекунанд, раҳбари муқовимат Аҳмад Масъуд ҷангро хотима медиҳад ва аз сиёсат канор меравад.
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ҳаракати радикалии Толибон*, ки дар Афғонистон ба қудрат расид, бояд ҳукумати фарогирро таъсис диҳад, инчунин озодӣ ва баробарии шаҳрвандони кишварро таъмин намояд.
Дар ин бора раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар вилояти Панҷшер Аҳмад Масъуд дар мусоҳиба бо Foreign Policy изҳор доштааст.
Вай таъкид кард, ки агар радикалҳо ин шартро иҷро кунанд, ҷангро хотима хоҳад дод ва сиёсатро тарк хоҳад кард.
"Агар толибҳо ният дошта бошанд, ки қудратро бо ҳама мубодила кунанд ва ният доранд, ки адолатро барқарор кунанд, ба ҳама баробарӣ ва озодӣ дар Афғонистон таъмин кунанд, пас ман ақибнишинӣ мекунам ва сиёсатро тарк мекунам", - гуфт Масъуд.
Гузинаи дигари ҳалли низоъ байни Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон*, ба гуфтаи раҳбари муқовимат, қобили қабул нестанд.
Масъуд таъкид кард, ки аз хориҷ кумаки молӣ намегирад ва бисёре аз кишварҳои минтақа ҷонибдори ҷангҷӯён шудаанд.
"Аз гуфторҳои этникӣ ва миллатгароии онҳо то сиёсати об, ҳамаи ин адовати ҳамсоягони моро барангехт ва ба вуҷуд овард ва онҳо бо Толибон наздик шуданд", - мегӯяд Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат.
Сабаби дигари ҳамкориҳои кишварҳо бо радикалҳо, Масъуд ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистон номид. Ба гуфтаи ӯ, давлатҳо "метавонанд бо дастгирии ҷангиён ба ИМА ва НАТО зарар расонанд".
Нураҳмад Сикандарӣ аз фармондеҳони зиддитолиби Ҷамъияти ислом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Генерал Нур корвони ҷангии “Толибон*” – ро торумор кард: даҳҳо куштаву захмӣ ва асир
Панҷшер ягона вилоятест дар Афғонистон, ки таҳти назорати Толибон* нест. Ин минтақа ба макони ҷамъшавии нерӯҳои ҷонибдори ҳукумат табдил ёфтааст.
Ҷангҷӯён кӯшиш карданд, ки масъалаи таслим шудани Панҷшерро ҳам бо роҳи дипломатӣ ва ҳам бо ҳамла ҳал кунанд. Қаблан онҳо ба посгоҳи вилоят ҳамла карданд, аммо ба ҷонибдорони Аҳмади Масъуд муяссар шуд, ки ҳуҷумро дафъ кунанд.
Толибон* инчунин ба ҳама ширкатҳои телекоммуникатсионӣ дар Афғонистон фишор оварданд, то фаъолияташонро дар қаламрави Панҷшер қатъ кунанд. Ҳамин тариқ, минтақа бе интернет ва алоқаи мобилӣ монд.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0