Қарзи берунаи Тоҷикистон ба нуқтаи хатарнок наздик мешавад

CC BY 2.0 / Tax Credits / CoinsМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Қарзи берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо дарназардошти қарзҳои ҷалбшудаи нав ба 38,2 дарсади ММД кишвар расидааст
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Авеста” ҳадди қобили қабули қарзи берунаи Тоҷикистон 40 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳо, ин нишондиҳанда барои идораи қарз роҳат аст ва имкон медиҳад ба вобастагӣ гирифтор нашавад.
Тибқи иттилои вазорати молияи кишвар, мутобиқи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3, миллиарду 256 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар сохтори қарзи беруна беш аз 3,1 млрд. доллар ба қарзи давлатӣ рост меояд, ки хизматрасонии онро давлат кафолат медиҳад.
Ведущий аналитик QBF Олег Богданов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2020
Богданов гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон барои қарзи беруна аз куҷо мегирад
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи берунаи кишвар ҳамагӣ 96,3 миллион доллар ас.т тақрибан 31,5 миллион доллар қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ҳастанд, ки кафолати ҳукуматӣ доранд.
Қарз Бонки миллии Тоҷикистон назди Сандуқи байналмилалии пул, ки барои ҳифзи баробарии пардохтҳо ҷалб шуда буд 5,6 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тибқи “Стратегияи идорасозии қарзи давлатӣ” лимити номиналии қарзи беруна риоя мешавад, яъне ҳадди ниҳоии қарз набояд аз 40 дарсади ММД кишвар зиёд бошад. Ҳоло ҷумҳури барои расидан ба ҳадди ниҳоӣ наздик шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала