Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сафир: Масъуди хурдӣ ҳокими қонунии Афғонистон аст

© REUTERS / MOHAMMAD ISMAILАхмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Сардори намояндагии дипломатии Афғонистон дар Тоҷикистон дар бораи ҳукумати нави Кобул ва вазъи ин кишвар ба таври қотеъ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар муколама бо рӯзномаи итолиёии la Repubblica оид ба вазъи Афғонистон изҳороти баланд дод.
Зоҳир Ағбар дар бораи ҳукумати нави Кобул манфӣ сухан гуфт.
"Кадом режим? Дар Кобул режими нав вуҷуд надорад. Шаҳрро Толибон* ишғол карданд, мисле, ки дигар қисматҳои Афғонистонро забт карданд", - гуфт дипломат.
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Аҳмад Масъуд: Панҷшер бо як шарт ҷангро бо Толибон* хотима медиҳад
Сафири Афғонистон изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумате, ки Толибон* ташкил кардааст, аз ҷониби касе эътироф нахоҳад шуд.

"Ягона ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон ҳукумати Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии мо Аҳмадшоҳи Масъуд аст", - афзуд Зоҳир Ағбар.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, Панҷшер, ки муқовимат дар он ҷойгир аст, дахлнопазир аст ва ҳамчунин гуфт, ки Масъуди хурдӣ дар бораи кумак аз Русия ба созиш расидааст.
Дипломат гуфт, ки гуфтушуниди Масъуд бо Толибон * барои ба даст овардани вақт пеш аз ҷанг зарур аст.

"Ба фарқ аз дигар раҳбарони Афғонистон, Масъуд солҳо ба ҷанг бо ҷангиёни исломӣ омодагӣ мебинад ва ҳоло ҳама муқовимати зидди Толибон* таҳти фармондеҳии ӯ ҷамъ мешаванд", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз ҷониби Толибон* забт нашудааст. Минтақае, ки нерӯҳои муқовимати афғон ҷамъ омадаанд. Ҷангҳои кӯтоҳ давра ба давра дар атрофи он сар мезананд.
Ба гуфтаи ҷонибҳо, феълан музокирот идома дорад, аммо онҳо то ҳол натиҷа надодаанд.
* ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала