Тақдими медал ба Бег Сабур

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофоти давлатӣ ба Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Тақдими мукофоти давлатӣ ба Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Бег Сабур, ки тайи беш аз 10 соли охир роҳбарии Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро ба уҳда дорад, бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Бег Сабур баробари даҳҳо ходими давлатии дигар бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ гардид. Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 31 август дар Қасри Миллат ба 88 нафар Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва ду нафар унвони фахрии Корманди шоистаи ҷумҳурӣ сарфароз гардиданд, ки дар ин миён сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ низ ҳаст. Мукофотро инчунин аъзои феълӣ ва собиқи ҳукумат гирифтанд.
Бег Сабур, ки аз моҳи феврали соли 2011 дар мақоми сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон кор мекунад, аз чеҳраҳои хабарсози ҷумҳурӣ мебошад.
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Тақдими мукофот ба мақомдорони феълию пешини ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Бег Сабур 1 октябри соли равон 59-солагияшро таҷлил мекунад. Ӯ як муддат дар Русия кору иқомат карда, баъдан ба Тоҷикистон кӯчид ва тайи солҳои 2005—2006 дар мақоми муовин ва муовини аввали вазири алоқа кор кардааст.
Ӯ тайи солҳои 2006—2011 муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо қарори Ҳукумат аз 28 феврали соли 2011 то ҳол дар мансаби сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳуриро ба уҳда дорад.
Дар баробари корҳои давлатӣ инчунин бархе аз ширкатҳои сохтмонии дохили Тоҷикистон низ марбути оилаи ӯ дониста мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала