Таъсири нархи сӯзишворӣ: дар Суғд роҳкиро 25 % баланд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Шурӯъ аз пагоҳ 1 сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд то 25 % тағйир ёфта, барои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 2 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Нархномаи нав бо фармони Азим Иброҳим, вазири нақлиёт тасдиқ гардидааст ва сабаби болоравии арзиши роҳкиро гароншавии бесобиқаи нархи сӯзишворӣ гуфта мешавад.
Олим Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи нархномаи нав арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва барои нақлиёти наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ боло бурда мешавад.
“Фармони вазири нақлиёт дар бораи тағйирёбии нархи роҳқиро аз 21 июли тасдиқ гардидааст. Бар асоси ин фармон арзиши мусофиркашонӣ барои ҳар як километр 24 дирам муқаррар шудааст. Мо шароити иқтисодии мардумро ба назар гирифта арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ 2 сомонӣ ва ҳаминтавр наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ аз 14 то 22 сомонӣ муқаррар карда шудааст”, - гуфт Очилзода.
То ин замон қимати роҳкиро мусофиркашонӣ барои ҳар як километр 15 -17 дирам муқаррар шуда, нархи роҳкирои дохилишаҳри 1, 5 сомонӣ ва наздишаҳрию байнишаҳрӣ 9 ва 17 сомонӣ буд.
Очилзода иброз намуд, ки болоравии бесобиқаи нархи маводи сӯхт ба фаъолияти ширкатҳои мусофиркашонӣ таъсир расонида, то ин замон борҳо шуморе аз ронандаҳо дар бораи мушкили руйпуш карда натавонистани хароҷоти худ, ба унвонии онҳо муроҷиат кардаанд.
Дар вилояти Суғд масъулияти мусофиркашониро асосан ширкатҳои хусусӣ ба иҷро мерасонанд.
Шурӯъ аз моҳи май қариб ҳаррӯз нархи маводи сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боло меравад.
Пассажиры в маршрутке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Афзоиши нархи маводи сӯхт ва нигаронии донишҷӯён аз эҳтимоли болоравии роҳкиро
Ҳоло тибқи нархномаҳои нав, ки нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд нашр намудаанд, нархи бензини навъи АИ 95 – 10, 5 сомонӣ, АИ 92 – 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 9, 3 сомонӣ ва гази моеъ ба 8, 5 сомонӣ шудааст.
Болоравии нарх дар муқоиса бо моҳҳои январ феврали соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ 4, 5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 3 то 3, 4 сомонӣ ё то 45 то беш аз 50 % баланд шудааст.
Моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гази моеъ ҳудуди 4 сомонӣ ва бензину сӯзишвории дизелӣ то 7 сомонӣ нарх доштанд. Тоҷикистон маводи сӯхтро аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала