"Ҷанг намехоҳем": Толибон* дар бораи гуфтушунид бо Панҷшер

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Дар ин гуфтушунид тарафҳо шартҳоеро ироа кардаанд, ки бо изҳороти қаблиашон тамоман мувофиқат намекунад
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Гуфтугӯи намояндагони Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон дар Панҷшер ва Толибон* дар ҳоли рушд аст.
Дар ин бора намояндаи гурӯҳи радикалӣ Забиуллоҳ Муҷоҳид, дар нишатсти хабарӣ гуфт.
Ба гуфти ӯ Толибон* аз раҳбари Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон чанд паём гирифт.

"Масъалаи Панҷшер ҳоло баррасӣ мешавад. Имрӯз мо чанд паёме дастрас кардем. Умедворем, ки ҷанг намешавад ва вазъ бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мегардад", - қайд кард Муҷоҳид.

Дар ин гуфтушунид тарафҳо шартҳоеро ироа карданд, ки бо изҳороти қаблиашон тамоман мувофиқат намекунад, менависад РИА Новости бо такя ба манбаъ.
Вооруженные люди в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
“Ҷанги Ховок давом дорад”: се ҳамлаи дигари “Толибон” ба Панҷшер
Ҳафтае пеш раҳбари муқовимат Аҳмад Масъуд бо намояндаи Толибон* ва собиқ вазири фарҳанги Афғонистон Амирхон Муттақӣ телефонӣ суҳбат карда буд. ки натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҷангҷӯён гуфтаанд, ки мехоҳанд масъалаи Панҷшерро бо роҳи дипломатӣ ҳал кунанд, дар ҳоле ки онҳо борҳо талош кардаанд, ки вилоятро бо зӯрӣ забт намоянд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Суруд мехонанду тир мепаронанд: Толибон* хуруҷи амрикоиҳоро ҷашн мегиранд - видео
Ҳамин тавр, пештар радикалҳо ба як посгоҳи минтақа ҳамла карданд.
Бояд гуфт, Панҷшер то ҳол ягона вилояти Афғонистон аст, ки таҳти назорати Толибон* нест.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала