Рӯзи дониш: 1 сентябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 1 сентября
День 1 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Рӯзи 1 сентябр, дар Тоҷикистон — Рӯзи дониш ва Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ буда дар Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 1 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Ҷопон зиёда аз 140 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1926 дар Туркия никоҳи шаҳрвандӣ иҷозат дода шуд.
День 31 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
ҶШС Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд: рӯзи 31 август дар таърих
Соли 1962 СММ хабар дод, ки аҳолии кураи Замин аз 3 миллиард нафар зиёдтар шуд.

Рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1931 ифтитоҳи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ).
Соли 1931 дар Тоҷикистон аввалин мактаби олӣ – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис дода шуд.
Соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ифтитоҳ гардид.
Соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис ёфт.
День 30 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Зодрӯзи Ҷамшед Исмоилов ва ифтитоҳи нақби "Озодӣ": 30 август дар таърих
Соли 1956 ифтитоҳи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик M.Oсимӣ).
Соли 1971 ифтитоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ.
Соли 1973 ифтитоҳи Донишкадаи санъат ба номи M.Турсунзода.
Соли 1996 Ифтитоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Соли 1996 ҷорӣ кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2003 ифтитоҳи Донишкадаи нақлиёти ҶТ.
Соли 2003 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси сеюми хотимавии Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид.
Соли 2010 ба муносибати Рӯзи дониш ва сулҳ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимиро ба баҳрабардорӣ расонд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Мактаби байналмилалии президентӣ ифтитоҳ шуд.
День 27 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Озмоиши нахустин бомби атомӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ: 29 август дар таърих
Соли 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо, ки дар шаҳри Ню-Йорки Америка баргузор гардид, ширкат намуд.
Ссоли 2016 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ – СММ ва САҲА баррасӣ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр

Дар Тоҷикистон — Рӯзи дониш.
Дар Тоҷикистон — Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ.
Дар Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Юсуф Акрамов (1925 – 2009) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.
Антипов – Каратаев Иван (1888 – 1965) – хокшинос, академики АИ Тоҷикистон,Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
Асадулло Атоуллоев (1956) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Ҳикматулло Аҳмадов (1949) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.
Бибиҷамоли Самандар (1965)- шоира.
Сафрон Ёдгорова (1958) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Ёров Ҳалим (1946-2012) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Моҳира (Аминова) (1984)- шоира.
Мирзо Назаров (1940)- олими тиб, профессор.
Назокати Сафар (1966) – шоира.
Ният Ҳаёт (1966)- шоир.
Муҳаммад Осимӣ (1920 – 1996) – доктори илми фалсафа, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
Тимофей Пак (1940 – 1982) – доктори илми тиб, профессор.
Абдураҳмон Расулӣ (1949) – нависанда.
Саидумар Раҷабов (1951)- доктори илми ҳуқуқ.
Аҳмад Хосияти (1945)- шоира.
Намоз Ҳотамов (1946) – доктори илми таърих, профессор.
Худоёр Шоихтиёров (1935) – доктори илми фалсафа.
Мирзо Шукурзода (1949) – нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0