Идомаи ҷанг дар Панҷшер: талафот миёни нерӯҳои муқовимат ва Толибон*

© AFP 2023 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Толибон*, ки ба гуфтаашон музокирот бо нерӯҳои муқовимат натиҷае надодааст, ҳамла ба Панҷшерро шиддат бахшиданд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Даргирӣ бо Толибон* дар марзи Панҷшер аз соати 2-и шаби гузашта давом дорад, хабар дод Telegram-канал Sputnik Афғонистон бо такя ба манобеяш.
Ба иттилои манбаъ, талафот миёни нерӯҳои муқовимат низ ҳаст, аммо омори дақиқ феълан рӯи даст нест. Талафоти ҷониби Толибон* дар ин даргириҳо ҳудуди 350 нафар гуфта мешавад.
Интернету алоқаи мобилӣ дар музофот феълан масдуд буда, Толибон* мегӯянд, Панҷшерро аз чор тараф ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Дар мавриди талафот Толибон* хабар надодаанд, аммо расонаҳои Афғонистон бо такя ба мақомдорони ин ҳаракат гуфтаанд, ки аллакай волӣ дар Панҷшерро таъйин кардаанд. Ин дар ҳолест, ки феълан ин музофот берун аз тасаллути Толибон* мебошад.
 Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сиёсатмадори афғон: Толибон* бо Аҳмад Масъуд аз сулҳ нахоҳанд гуфт
Тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт.
Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат, ҳамлагарон шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0