ИМА отряди сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро бозсозӣ мекунад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкСтроитель, архивное фото
Строитель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Сафорати ИМА дар Душанбе хабар дод, ки сохтмони иншооти нав барои отряди сарҳадбонон дар Айвоҷ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистонро ба уҳда гирифтааст
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Маросими гузоштани санги асоси иншооти ҷадид баъди анҷоми лоиҳакашӣ аввалҳои соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Сафорати ИМА. Дар марҳилаи аввали лоиҳа таваҷҷӯҳи хос ба тарҳсозии иншоот равона мегардад, иттилоъ дод Сафорат.
Манбаъ афзуд, пас аз анҷоми сохтмон иншооти нав метавонад кормандони сарҳад ва оилаҳои онҳоро ҷой кунад.
Иншооти нави отряди сарҳадӣ дар Шаҳритус, ки ба мақомоти марзбонӣ имкон медиҳад, ба таҳдидҳои эҳтимолӣ посухи фаврӣ диҳанду нерӯҳояшро зудтар ба манотиқи наздисарҳадӣ сафарбар кунанд, омадааст дар иттилоия.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
Ҷон Марк Поммершайм, бозсозии иншооти нав дар марзро намунаи барҷастаи пойбандии муштарак ба амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ кардааст. Сафорати ИМА афзуд, ки иншооти марзӣ дар Айвоҷ дар ҳамкорӣ бо Идораи таъминоти лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNOPS) амалӣ мешавад.
Ба иттилои Сафорат, аз соли 2002 то ин ҷониб, Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 300 миллион доллар кумак дар бахши амният расонидааст. Аз ҷумла зикр шудааст, ки дар доираи кумакҳои ИМА 12 посгоҳи марзӣ, 9 иншооти гузаргоҳи сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии марзбононро таъмир ё азнавсозӣ кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба таъмини амният ва таҳкими мудофиаи марзҳо бо ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0