Кордкашӣ сӯи бародарбузург дар ҳолати мастӣ

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кордкашии бародар сӯи бародарро дар вилояти Хатлон таҳқиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, захмӣ шудани марди 32-сола аз корди бародари хурдияш шоми 29 август дар ноҳияи Ҷайҳун рух додааст.
Манбаъ азфуд, рӯзи 29-уми август, тахминан соати 22:00, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар ҳолати мастӣ бародараш марди 32-соларо бо корд 1 бор ба шикамаш задааст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия. Мақомот таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Бародар бо додар ҷанҷол карду кордро ба шикамаш зад - шарҳи ВКД
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ахиран эълон карданд, ки бисёре аз ҷиноятҳои вазнин, аз қабили одамкушӣ ва расондани зарари вазнини ҷисмонӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ рух медиҳанд ва шаҳрвандонро ба таҳаммул даъват намуданд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон сокини ноҳияи Рӯдакиро барои қатли бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Бар асоси иттилоияи додситонӣ, маҳкумшуда бародарашро барои он куштааст, ки падарашро аз хона рондаст. Далели пеш кардани падар аз хона, майлаш ба нӯшокиҳои спиртӣ арзёбӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала