Лавров аз изҳороти ахири Байден истиқбол кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Вазири корҳои хориҷӣ Лавров изҳороти Байденро дар бораи дахолат накардан ба умури кишварҳои дигар мусбат арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи чоршанбе гуфт, изҳороти президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи он ки "вақти анҷом додани дахолат ба умури кишварҳои дигар" расид мусбат аст, Маскав аз ин равиш истиқбол мекунад.
"Ин лаҳза хеле ҷолиб аст, ки онро ҳам президенти ИМА Байден ва ҳам президенти Фаронса Макрон қайд кардаанд: ҳардуи онҳо, тақрибан бо фосилаи як ё ду рӯз, эълом доштанд, ки вақти он расидааст, ки дахолат ба корҳои дохилии дигар кишварҳо бо мақсади таҳмил кардани демократияи ғарб ба онҳо қатъ шавад", - гуфт Лавров дар мулоқот бо донишҷӯёни МГИМО.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
"Мо аз ин гуна изҳорот истиқбол мекунем. Мо кайҳо боз даъват мекардем, ки аз он моҷароҳое, ки ҳамкорони ғарбии мо дар даҳсолаҳои охир роҳандозӣ мекарданд, ибрат гирифта шавад", - гуфт вазир.
"Умедворам, ки ин изҳорот хулосаи ҷиддиеро инъикос кунад ва сайёраи мо дар оянда андаке оромтар хоҳад шуд".
XX съезд политической партии Единая Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Набояд аз берун таҳмил кард: Путин дар бораи вазъ дар Афғонистон
Рӯзи душанбе Амрико хуруҷ ва рисолати 20-солаи худро дар Афғонистон ба анҷом расонд.
Дар паёми худ ба мардум рӯзи сешанбе Ҷо Байден гуфт, ки хуруҷи ИМА аз Афғонистон ба давраи талошҳо барои барқарор кардани кишварҳои дигар бо зӯр, хотима медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала