Лавров гуфт, Русия омода аст бо Ғарб ҳамкорӣ кунад

© МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Австрию
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Австрию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров мегӯяд, Русия омода аст бо Ғарб ҳамкорӣ кунад, аммо на аз рӯи принсипи "омӯзгор-шогирд"
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Русия дар пайи муқовимат ё ҷудошавии бештар нест, ҳатто омода аст бо Ғарб ҳамкорӣ кунад, аммо на аз рӯи принсипи "омӯзгор-шогирд".
"Мо ҳеҷ гоҳ ҳеҷ гуна муқовимат ё ҷудокуниро ҷустуҷӯ накардаем, ба истиснои он ва барои ҳамкорӣ бо ҳамон кишварҳои ғарбӣ омодаем, агар онҳо муносибати худро дигар кунанд ва ҳамчун муаллимони доно ва бегуноҳ, ки Русия бояд донишҷӯе бошад, ки бояд вазифаи хонагии худро иҷро кунад, рафтор карданро бас кунанд. Чунин суҳбат кардан бо касе, ба вижа бо Русия мумкин нест", - гуфт ӯ ҳангоми суханронӣ дар МГИМО.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Лавров аз изҳороти ахири Байден истиқбол кард
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Ғарб намехоҳад бо Русия дар сатҳи баробар гуфтугӯ кунад, аммо чунин роҳ ба ҳеҷ куҷо намебарад.
"Дар сатҳи байнидавлатӣ, ҳамкасбони ғарбии мо чандон майл надоранд, ки бо мо дар шароити баробар суҳбат кунанд ва ҳама вақт аз мо талаб мекунанд, ки рафторамонро тағйир диҳем ва тавре рафтор кунем, ки онҳо дуруст мешуморанд. Ин роҳ оқибат надорад", - гуфт Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
Вай қайд кард, ки Русия барои гуфтугӯи ошкоро, созанда ва эҳтироми мутақобила бо дарназардошти манфиатҳои якдигар омода аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала