Пулро гирифту "BMW Х-7" - ро надод: қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин

© Flickr \ Tobias FidelisАвтомашина марки BMW. Архивное фото
Автомашина марки BMW. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. ВУД мегӯяд, ба идориа милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ марди 46-сола муроҷиат карда, аз фиребкории ҷавони 30-сола шикоят кардааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки сокини 30-солаи шаҳри Душанбе 31-уми майи соли равон дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои пойтахт, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, мошин ваъда кардааст. Ба иттилои ВУД, муттаҳам дар қаллобӣ ба ивази ин маблағ изҳор доштааст, ки барои соҳиби пул мошини тамғаи "BMW Х-7" оварда медиҳад.
Аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. ВУД афзуд, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Назари нафари муттаҳам дар бораи ин қазия маълум нест.
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Гароншавии босуръати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон сабаби камҳаракатии нақлиёт шудааст
Ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди фиребкорӣ дар бозори мошин хабар медиҳанд. Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.
Аз ҷумла ҳафтаи гузашта хабар дода шуд, ки ду мард дар кӯчаи Неъмат Қарабоев аз марди 35-солаи сокини пойтахт 1 автомашинаи тамғаи “Порше”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон мошинро фурӯхта, 3 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимондаро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0