Ҳаҷми қарзҳои тасдиқшуда барои ширкатҳои сохтмонӣ 4,5 трлн рублро ташкил дод

Новостройка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Бонки марказии Русия аз афзоиши ҳаҷми қарзҳое хабар додааст, ки барои ширкатҳои сохтмонӣ ироа шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳаҷми қарзҳое, ки бонкҳои Русия барои ширкатҳои сохтмонӣ тасдиқ кардаанд, дар ҷамъбасти моҳи июл 7,4 дарсад афзоиш ёфта, наздики 4,5 триллион рублро ташкил додааст,
"Ҳадди умумии созишномаҳои қарзии фаъол, ки миёни бонкҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ баста шудаанд, 4,46 триллионро ташкил додааст", - омадааст дар иттилоияи Бонки марказии Русия. Ҳаҷми қарзҳои ҷорӣ тайи моҳ 19,6 дарсад афзоиш ёфта, то ба 1,85 триллион рубл расидааст.
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо
Теъдоди суратҳисобҳои эскроу, ки барои коҳиши хавфи анҷоми ягон амалиёт кушода мешаванд, ба ҳолати 1 августи соли равон беш аз 528 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маблағе, ки аз ҷониби ҳиссадорони сохтмонҳо дар ин суратҳисобҳо ҷой дода шудаанд, беш аз 2,4 триллион рублро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар як моҳ 9 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамаи ширкатҳои Русия, ки ба ҷалби маблағи ҳиссадорони сохтмон машғуланд, аз моҳи июли соли 2019 бояд тариқи низоми суратҳисоби эскроу фаъолият кунанд, ки тибқи он маблағи харидоронро сохтмончиён танҳо баъди додани хонаҳо мегиранд. Аммо дар зимн онҳоро зарур аст, ки сохтмонҳоро бо қарзҳои бонкӣ анҷом диҳанд, ки маблағгузории лоиҳавӣ ном дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала