Раҳими ғармӣ дар бораи пулёбӣ, ашкрезию муваффақият дар муҳоҷират ва мошинҳояш - видео

© Lukas / pexelsМужчина в пиджаке, архивное фото
Мужчина в пиджаке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Раҳим Бобоҷонов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки дар Русия низ мағозаҳо дорад, дар бораи кору ҳаёташ суҳбат кардааст
ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Раҳим Бобоҷонов, ки бо номи Абдураҳими ғармӣ низ маъруф аст, изҳор дошт, ки солҳои аввали кораш дар Русия дучори мушкилӣ шуда буду маҳз ҳамон солҳо ашк рехт, вале руҳафтода нашуд.
Бобоҷонов зимни суҳбат бо блогер Диловар Сафаров дар мавриди ҳикмати пулёбӣ гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки бояд аз паси пул надавид, балки кори худро дӯст дошту онро хуб анҷом дод ва он гоҳ пул худаш меояд. Соҳибкор қиссаи гурбачаеро зикр кард, ки аз паси думи худ чарх мезаду ҳарчанд суръаташро баландтар мекард, ҳамон қадар дум дур мешуд ва ниҳоят бо маслиҳати гурбаи таҷрибадоре пушти кори худ мешавад ва мебинад, ки думаш аз қафояш омада истодааст.
Дар барнома инчунин мошинҳои гаронарзиши Бобоҷонов намоиш дода мешаванд ва ӯ мегӯяд, агар бархе ба аспу чизҳои дигар майл дошта бошанд, ӯ ба мошин майл дорад.
Дар мавриди майлаш ба адабиёт суҳбат карда, аз ашъори Рӯдакӣ чанд рӯбоӣ қироат кард. Ӯ аз ҷумла рубоии Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дар мавриди оини ҷавонмардиро хонд, ки мегӯяд, мардӣ набувад фитодаро пой задан, гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время церемонии награждения бизнесмена Мухиба Бободжонова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2020
Бобоҷонов боз 1 миллион сомониро барои мубориза бо COVID - 19 дод
Соҳибкор изҳор дошт, ки инсон бояд дар ҳаёташ ҳадаф гузораду барои расидан ба он талош кунад ва кӯшиш кунад, ки заррае ҳам бошад фоидааш ба ҷамъият расад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала