Болоравии рублу евро ва коҳиши доллар: қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонк6244337
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли болоравист
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он рублу доллар ва евро боло рафт.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0.1543 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба рӯзи пеш гаронтар аст.
Дирӯз дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ 0.1536 сомонӣ арзиш дошт.
Дар баробари болоравии рублу евро доллар бошад каме коҳиш ёфтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3232 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки дирӯз 1 доллар дар ҳудуди 11.3265 сомонӣ буд.
Боэътимодтарин асъори ҷаҳон эълон шуд
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар як евро 13.4010 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш 13.3575 буд.
Символ рубля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3232 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4010 то 13.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1543 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад,ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0