Тафсилоти фирори Ғанӣ аз Генерал Ағбар: касе намедонист, ки ӯ мегурезад

© REUTERS / OMAR SOBHANI Ашраф Гани президент Афганистана
 Ашраф Гани президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки президенти собиқи Афғонистон мебоист дар рӯзи фирор аз кишвар бо аъзои кобина мулоқот мекард, аммо ӯ ҳангоми интизории мақомот фурудгоҳи Кобулро тарк кард.
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, на танҳо аз кишвар фирор кард, балки ҳамкасбонашро дар ҳолати ногувор гузошт ва пули бисёреро аз мардум дуздид, гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон генерал Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар мусоҳиба бо РИА Новости.
"Ҳеҷ яке аз муовинони Ғанӣ намедонист, ки президент қасд дорад аз кишвар фирор кунад. Ба гуфтаи вазири дифои ҳукумат, ки ман шахсан бо ӯ суҳбат доштам, яке аз мушовирони Ғанӣ ба вазорати дифоъ занг зад ва гуфт, ки Ашраф Ғанӣ соати 16:00 барои мулоқот хоҳад буд", - гуфт ӯ дар идома.
Вай афзуд: "Онҳо омода буданд ва мунтазири Ашраф Ғанӣ буданд, аммо он замон се ҳавопаймо бо Ғанӣ ва оилаи ӯ аз фурудгоҳи Кобул парвоз карданд".
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Дипломати афғон: Панҷшер то охир зидди Толибон* муқовимат хоҳад кард
Ашраф Ғанӣ 15 августи соли 2021 дар ҳоле ки нерӯҳои Толибон* вориди дарвозаҳои Кобул шуданд, аз Афғонистон фирор карданд, аз фурудгоҳи Кобул ба самти номаълум рафт. Пас аз чанд рӯз вай аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба мардуми Афғонистон паём фиристод.
Дар Афғонистон ва берун аз он сабаби суқути ҳукумат бо артиши 300 ҳазорнафара ва таҷҳизоти пешрафтаро ба мудирияти ноустувори Ғанӣ рабт медиҳанд.
Ҳоло Толибон* ба ҷуз аз вилояти Панҷшер тамоми хоки афғонистонро зери идораи худ доранд.
* ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала