Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ: дар Русия аз муноқишаҳои гурӯҳӣ худдорӣ кунед

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСтроительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш кардаааст, ки дар қаламрави Русия аз муноқишаҳои гурӯҳӣ худдорӣ намоянд ва дар сурати пеш омадани мушкилот ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ додааст, ки барои пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, муноқишаҳои байни муҳоҷирон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мулоқоту вохӯриҳоро бо шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳру вилоятҳои Русия ба роҳ мондааст.
Қайд карда шудааст, ки дар мусоҳиба бо муҳоҷирон масъалаҳои будубоши шаҳрвандон дар Русия, барасмиятдарории шахсони ғайриқонунӣ иқоматдошта, тартиби барасмиятдарории будубош ва дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.
Пассажиры в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Тартиби нави вуруди муҳоҷирон ба Русия аз 1 сентябр
Манбаъ зикр кардааст, ки дар Русия шаҳрвандон тартиби иқомат ва барасмиятдарории будубошро ҳамаи шаҳрвандон бояд риоя намоянд.
“Зарур аст, ки дар ҳолатҳои сар задани муноқиша, риоя нагардидани ҳуқуқу манифатҳо ва беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрванд даст ба муноқишаи гурӯҳӣ назада, балки ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ ба мақомотҳои дахлдори Русия ва ё ба мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон муроҷиат намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон илова кардааст, ки тибқи муқаррароти кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ шаҳрвандоне, ки дар муноқишаҳои гуруҳӣ иштирок менамоянд ва ё ба таври гурӯҳи тартиботи ҷамъиятиро риоя намекунанд аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии Русия нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, вуруди онҳо ба муҳлатҳои тулонӣ ба Русия манъ карда мешавад.
Масъулини Намояндагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Русия қарор доранд аз муҳоҷирон даъват карданд, ки аз иштирок дар муноқишаҳои байни муҳоҷирони дигар кишварҳо худдорӣ намуда, дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ метавонад ба Намояндагӣ ва ё мақомотҳои марбутаи Русия муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0