“Толибон”* се вулусволиро дар Панҷшер гирифтанд? – вокуниши Ҷабҳаи муқовимат

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабари расонаҳои марбути “Толибон”* дар робита бо суқути вулусволиҳои Панҷшерро рад кард
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Бархе расонаҳои ҷаҳонӣ бо истинод ба ҳисоби твитерии Talib Times, ки худро як “ҳисоби расмии “Аморати исломии Афғонистон” ба забони инглисӣ” муаррифӣ мекунад, аз суқути се вулусволии вилояти Панҷшер ба дасти “Толибон”* хабар пахш карданд.
“Неруҳои Аморати исломӣ се вулусволиро ишғол карданд ва ба зудӣ мо аз пирӯзии комили худ хабар медиҳем”, - омадааст дар паёми Talib Times.
Нураҳмад Сикандарӣ аз фармондеҳони зиддитолиби Ҷамъияти ислом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Генерал Нур корвони ҷангии “Толибон*” – ро торумор кард: даҳҳо куштаву захмӣ ва асир
Аз сӯи дигар, ҳисобҳои зоҳиран марбут ба аъзои “Толибон”* ин хабарро низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд, ки нерӯҳои онҳо кӯтали Ховок ва соҳоти Оби Хурондараву Дуовро ишғол намуда, ба сараки пухта (асфалтӣ) - и Панҷшер, ки аз миёни дара мегузарад, расидаанд.
Дар ин хабар инчунин гуфта мешавад, ки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат руҳияи худро бохта, тавони ҷангро надоранд ва “Толибон”* лаҳза ба лаҳза пеш мераванд.
Аҷмал Саидхелӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, иддаои “Толибон”* поя надорад, баръакс, нерӯҳои онҳо ҳам дар Даҳанаи Панҷшер, қисмати ғарбӣ ва ҳам ағбаи Ховок, қисмати шимолии дара шикаст хӯрда, ақибнишинӣ карданд.

“Ҳеҷ навъ тағйире дар ҷуғрофиёи Панҷшер наёмадааст, балки нерӯҳои мо талафоти зиёде ба “Толибон”* расонданд. Ҳоло даргирӣ дар кӯтали Ховок идома дорад. Руҳияи мо ҳам болост, тавони ҷангиамон низ кофист”, - гуфт Аҷмал Саидхелӣ.

Тибқи иттилои Ҷабҳаи Муттаҳид, дар ҷанги имрӯз дар кӯтали Ховок ҳудуди 40 ҷангии “Толибон”* кушта шуда, беш аз 20 нафар асир афтодаанд ва саранҷом маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.
Манобеъи дигар аз кушта шудани 33 тани онҳо, ки гуфта мешавад, марбути “Қитъаи лазерӣ” – и “Толибон”* буданд, дар қарияи Қазаи вулусволии Пули Ҳисори Андаробҳои Бағлон, воқеъ дар масири Ховок – Андароб хабар додаанд.
Вооруженные люди в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
“Ҷанги Ховок давом дорад”: се ҳамлаи дигари “Толибон” ба Панҷшер
Кӯтал ё ағбаи Ховок дар вулусволии Париён, қисмати болоии дараи Панҷшер ҷойгир аст. Ин кӯтал Панҷшерро бо вилоятҳои Бағлону Тахор ва Бадахшон васл мекунад. Вилояти Панҷшер ҳамагӣ ҳафт вулусволӣ дорад, ки ҳар як Париён, Хинҷ, Дара, Бозорак, Руха, Шутул ва Оноба мебошанд.
Ин вилоят дар ҳоли ҳозир танҳо вилояти озод аз султаи “Толибон”* аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дар он марказият дорад.
Панҷшер масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон ҳамеша аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала