Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон, фармони дар бораи ба эҳтиёт рухсат додану ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандонро имзо кард
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Супориш барои хизмати ҳарбии писарони вазирону вакилон ва имтиёзҳои нав баъди артиш
Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон имзо кард: ҳаҷми пули хизмат ва тартиби он маълум шуд
Ҳамин тавр, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Коршинос Литовкин: Тоҷикистон ба пурзур намудани артиш ниёз дорад
Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Маълум шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон чанд танк дорад
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала