Ҳалокати марди шахсияташ номаълум зери чархи "Шагман"

CC0 / Pxhere / Дорожный знак
Дорожный знак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Обуна шудан
Ноуҳдабароии ронанда дар шаҳри Душанбе боиси марги пиёдагард шуд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Марди тақрибан 35-40 -солаи шахсияташ номаълум зери чархи "Шагман" ҷон бохт, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи нохуш, шаби 1-уми сентябр, тахминан соати 03:00 рух додааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Ҳалокати ронанда, ноболиғ ва пиёдагард дар се садамаи маргбор
Тибқи гузориши манбаъ, сари чанбараки худрави тамғаи "Шагман", сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Пахши пирамарди дучархарон: баъд аз садама марди 71-сола дар бемористон ба ҳалокат расид
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н. Қарабоев ба тарафи кӯчаи Мушфиқӣ, дар рӯ ба рӯи бинои суди шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, марди шахсияташ номаълуми тахминан 35-40-соларо пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0