Хуҷанд “тӯй дорад”: рақсу бозиву консерт то Рӯзи истиқлолияти давлатӣ идома меёбанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДворец культуры в Таджикистане
Дворец культуры в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки дар маркази вилоят то рӯзи 9 сентябр барномаҳои консертӣ ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомти вилояти Суғд, дар доираи чорабиниҳои фарҳангии марбут ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар майдони Камоли Хуҷандии маркази вилоят барномаҳои консертӣ намоиш дода мешавад.
“Барномаҳои консертӣ шуруъ аз имрӯз то рӯзи 9.09.2021 ҳар шом аз соати 19:00 то 21:00 ташкил гардида, ин иқдом барои истироҳату фароғати сокинон роҳандозӣ карда мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки аз 19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.
Праздничные мероприятия в Душанбе по случаю 24-ой годовщины независимости Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Намоиши консертҳои ройгон дар боғҳои Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолият
Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС (русӣ: СССР) соҳибистиқлол шуд.
Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр — "Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала