Мағзи сари инсон метавонад ояндаро пешгӯӣ кунад: олимон

© Pixabayთავის ქალა
თავის ქალა - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Обуна шудан
Мағзи сари инсон имкон дорад идомаи оҳанги буридашударо бо таҳлили ритми қаблан шунида, дубора барқарор кунад
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Мағзи сари инсон метавонад ояндаро пешгӯӣ кунад, изҳор доштанд олимони даниягӣ.
Коршиносон бо ширкати беш аз 70 ихтиёрӣ озмоиш гузарониданд: ба гурӯҳи аввал барои гӯш кардан композитсияҳои Бах дода шуд. Дар ҳамин ҳол, онҳо метавонистанд ҳар лаҳза оҳангро қатъ кунанд ё аз сар гӯш кунанд.
Ихтиёриён он чизеро, ки шунида буданд, ба хубӣ дар ёд гирифтанд ва ба он тамаркуз карданд.
Иркутский госпиталь ветеранов войн перепрофилируют в инфекционный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Кай ҳамагирии коронавирус ҷаҳонро "ором мегузорад"
Барои гурӯҳи дуввум, пораҳои мусиқӣ гузошта шуд. Дар натиҷа, дар ҳолате, ки композитсия дар нотаи баланд канда мешуд, одамон онро ҳамчун оҳанги анҷомшуда қабул мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, тадқиқот нишон дод, ки бо анҷом ёфтани мусиқӣ одамон ба эҷодкорӣ оғоз мекарданд ва идомаи оҳанги қатъшударо хуб менавиштанд. Мағзи сари инсон ҳангоми шунидани сухан низ, чунин рафтор мекунад.

"Мағзи сар доим як қадам пеш аст ва интизориҳои моро бо воқеаҳои рӯйдода муқоиса мекунад", - шарҳ дод Нилс Хансен, яке аз муҳаққиқон.

Пештар, олимони амрикоӣ дар бораи манфиатҳои медитатсия гуфтанд, ки фаъолияти мағзи сарро хуб мекунад.
Қайд карда мешавад, ки машқи мунтазам диққатро ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва равандҳои фикриро суръат мебахшад.
Лентаи хабарҳо
0