Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи август

Дар моҳи август дар Тоҷикистон сироят ба коронавирус коҳиш ёфт
Дар рӯзҳои охирини моҳи августи соли 2021, афзоиши сирояти ҳаррӯза ба коронавирус коҳиш ёфт. Ҳамин тариқ, 31 август, дар Тоҷикистон табибон танҳо 35 нафареро, ки ба ин беморӣ гирифтор шуд ошкор карданд.
Шумораи умумии нафаронеро бемор, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба қайд гирифтааст, 16852 нафарро ташкил додааст.
16698 шаҳрванди кишвар тавонистанд аз ин беморӣ шифо ёбанд. Ҳамзамон, коронавирус дар Тоҷикистон ҷони 124 нафарро гирифт.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон мъракаи густардаи ваксиназании оммавӣ бар зидди коронавирус ҷараён дорад. Ҳама сокинони аз 18-сола боло метавонанд бар зидди COVID-19 ваксин гиранд.
Дар муассисаҳои тиббии кишвар чаҳор ваксин дастрас - ваксинаи сохти Чин CoronaVac, AstraZeneca-и аврупоӣ, Moderna-и амрикоӣ ва Спутник V- и сохти Русия.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала