Баста шудани марзҳои Покистон сабаби издиҳоми муҳоҷирони афғон шуд – видео

© REUTERS / SAEED ALI ACHAKZAIЛюди ждут у пункта пропуска в пакистано-афганском пограничном городе Чаман
Люди ждут у пункта пропуска  в пакистано-афганском пограничном городе Чаман - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Як марди 64-солаи афғон бар асари издиҳом дар марзи Покистону Афғонистон ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 2 сен - Sputnik. Дар сарҳади Афғонистону Покистон издиҳоми бузурге рух дод. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN дар истинод ба шоҳидони ин ҳолат хабар дод.
Чанде пеш мақомоти Покистон дар бораи баста шудани гузаргоҳи Спин -Болдак - Чаманро эълон карданд. Афғонҳое, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд, бо воҳима ба сӯи гузаргоҳ шитофтанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як наворе нашр шудааст, ки дар он дида мешавад, ки ҳазорон нафар талош доранд сарҳадро убур намоянд.
"Ман ҳеҷ гоҳ чунин издиҳоми азими одамонро дар Спин-Болдак надида будам. Ҷойе намонд. Ҳазорҳо ва ҳазорон нафар ба нуқтаи сарҳадӣ ҳаракат мекарданд",-гуфт як сокини маҳаллӣ.
CNN ишора мекунад, ки наворҳои интишоршуда аз "ноумедӣ" дар гузаргоҳ шаҳодат медиҳад.
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Толибон* аз Аҳмад Масъуд хостаанд, ки таслим шавад – посухи ӯ
Қурбонии издиҳоми бузург як сокини 64-солаи Афғонистон шудааст.
"Ман ва падарам кӯшиш кардем, ки бо дигар аъзоёни оилаамон сарҳадро убур кунем, падарамро дар издиҳом гум кардам ва баъдтар ҷасади ӯро пайдо кардам", - гуфт писари марҳум.
Гузаргоҳи Спин -Болдак - Чаман чанд рӯз аст, ки баста аст. Вазири корҳои дохилии Покистон Шайх Рашид Аҳмад қайд кард, ки бинобар баъзе таҳдидҳо, дар гузаргоҳи марзӣ деворҳо сохта мешаванд. Ҳамзамон кори гузаргоҳи Торхам ба таври маъмулӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала