“Мехоҳад ҳамла кунад”: Қорӣ Фасеҳуддин чӣ нақша дорад?

© Акс аз саҳифаи Facebook Саид Аҳмад СаидӣФармондеҳи тоҷики Толибон Махдум Қорӣ Фасеҳуддин
Фармондеҳи тоҷики Толибон Махдум Қорӣ Фасеҳуддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Қорӣ Фасеҳуддин, масъули қитъаи хоси “Толибон*” дар Панҷшер пас аз шикасти нерӯҳояш ба Бадахшон рафтааст
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Нерӯҳои таҳти фармони ӯ дар ҷангҳои Андаробҳои вилояти Бағлон ва кӯтали Ховоки Панҷшер талафоти зиёд дидаанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар бораи маҳалли будубоши Қорӣ Фасеҳуддин маълумоти дақиқ дар даст надоранд, аммо нерӯҳои таҳти фармони ӯ, ки умдатан аҳли Бадахшону Тахору Кундуз ҳастанд ва барои “Толибон*” меҷанганд, дар ҷабаҳоти Панҷшеру Андароб аз хатти нахуст хеле қафо зада шудаанд.
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
“Фотеҳи Шимол”, “ғуломбача” ва сокини хонаи Дӯстум: тоҷики масъули ҳамлаи Панҷшер кист?
“Мо ҳам ин иттилоро дорем, ки дар ҷабаҳоти Андаробу Панҷшер аксарияти кулл тоҷикону ӯзбекҳо ва хориҷиҳои арабу Осиёи Марказӣ меҷанганд. Шавоҳидашро, ки ба дастамон расид, ҳатман расонаӣ мекунем. Аммо ҳоло ҳамин қадар маълум аст, ки ҳар кӣ набуданд, шикаст хӯрданд бо талафоти сангин. Онҳо тариқи Андаробҳо аз се истиқомат – Шаршар, Чархи Фалак ва кӯтали Ховок ҳамла карданд. Ҳеҷ пешравӣ надоштанд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар ин ҷангҳо “Толибон*” беш аз 100 кушта дода, ҳудуди 30 тани онҳо ҳам ба асорат афтодаанд ва 4 мошини “Ҳомвей”, 4 “Ренеҷер” – ашон сӯхта, як адад тӯпашон тахриб шудааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки Қорӣ Фасеҳуддин пас аз шикаст дар ҷабҳаи Панҷшер ба Бадахшон омада, толибони маҳаллиро ҷамъ мекунад ва афродашро ба вулусволиҳо фиристодааст, то сарбозгирӣ кунанд.
“Бино ба сарусадое, ки ҳаст, ӯ мехоҳад аз роҳи кӯтали Анҷумани вулусволии Карону Мунҷон, ки бо вулусволии Париёни вилояти Панҷшер ҳаммарз аст, алайҳи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер як ҷабҳаи нав боз кунад”, - гуфт манбаъ.
Кӯтал ё ағбаи Анҷуман, воқеъ дар баландкӯҳҳои Ҳиндукуш, нуқтаи ниҳоии Бадахшон аз ҷануб ва Панҷшер аз шарқ аст.
Он охирин ва душвортарин роҳи вурудӣ ба Панҷшер маҳсуб меёбад. Дар ҳоли сиҳат доштан ин иттилоъ баёнгари он аст, ки “Толибон*” мехоҳанд аз тамоми роҳҳои вурудӣ ба Панҷшер ҳамла кунанд, аммо нерӯҳои муқовимат мегӯянд, дар ин хат Малик, фармондеҳи Малик, ки худ зодаи Карону Мунҷон аст ва ҳам нерӯҳои муназзами Ҷабҳаи муқовимат сангар гирифтаанд.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Дипломати афғон: Панҷшер то охир зидди Толибон* муқовимат хоҳад кард
Қаблан “Толибон*” дар роҳҳои вурудӣ тариқи дараи Шутул, Даҳанаи Панҷшер ва ағбаи Ховок муваффақ ба шикасти ҷабаҳот ва вуруд ба дараи Панҷшер нашуда, бо талафоти зиёди ҷонӣ ақиб нишастанд.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар ҷангҳои се рӯзи ахир дар тамоми ҷабаҳот беш аз 200 толиб куштаву ҳудуди 130 нафарашон ба асорат афтодаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала