Парванда алайҳи мӯйсафеди 73 - сола дар Деваштич: домодашро ба худкушӣ расонидааст

© PixabayПожилой мужчина в кепке
Пожилой мужчина в кепке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Мақомоти тафтишотӣ дар пайи ҳодисаи худкушии собиқ корманди қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Деваштич парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Орзумурод Раҳимов, ҷавони 26 солаи сокини деҳаи Хуштоири Мухлон дар ноҳияи Деваштич худкушӣ кардааст.
Ба иттилоъи манобеъ ин ҷавон собиқ корманди қисми ҳарбии ноҳия гуфта мешуд.
“Раҳимов баъд аз адои хизмати ҳарбӣ, тибқи шартнома прапоршик шуда дар қисми низомии 45 33 воқеъ дар ноҳияи Деваштич кор мекард, вале ду моҳи пеш аз мақоми вазифавӣ канор рафта буд”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Дар пайи рухдоди муноқиша бо ҳамсояааш, собиқ корманди қисми ҳарбӣ бо роҳи худовезӣ худро ба ҳалокат расонидааст.
Дар пайи рухдоди ин ҳодиса мақомоти тафтишотӣ дар ноҳияи Деваштич нисбати Мирқурбон Мусоев, соли таваллудаш 1948, сокини ҷамоати Яхтан парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Ҷазо барои қатли бародаре, ки падарашро аз хона рондаст: қарори додгоҳ
Манобеъ аз мақомоти тафтишотӣ дар шарҳи ин парвандаи ҷиноятӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Мусоев санаи 16 июли соли ҷорӣ ба ҷанҷоли миёни духтараш Мусоева ва Раҳимов ҳамроҳ шуда, нисбати ҷавони 26 сола суханони қабеҳ гуфта шаъну шарафашро паст задааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса, Раҳимов бо роҳи худовезӣ худкушӣ кардааст.
Зимнан аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбати марди 73 солаи сокини ноҳияи Деваштич бо моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала