https://sputnik.tj/20210902/rahimzoda-tojikiston-gurezaho-smm-kumak-1042015300.html
Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон тавони қабули зиёди гурезаҳоро надорад ва аз СММ кумак хост
Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон тавони қабули зиёди гурезаҳоро надорад ва аз СММ кумак хост
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилӣ вазъияти гурезаҳоро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муфассал шарҳ дод 02.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-02T10:14+0500
2021-09-02T10:14+0500
2021-09-02T10:56+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
смм
гурезаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759827_0:243:2592:1701_1920x0_80_0_0_7f05734683bedd688f584f65a8326392.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Идораи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Мулугет Зевдӣ мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ. Дар ҷараёни муколама вазири тоҷик мушкилоти қабули хориҷиён дар кишварро ба таври муфассал таъкид кард.Дар ҷараёни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карданд, ки давоми як ҳафта дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба ватан баргардонида шуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.Раҳимзода гуфтааст, бо мақсади сохтани лагерҳо ҳанӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кӯмак пешкаш шуда буд.Номбурда барои таъмиру таҷдид ва шароити зисти "Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда", воқеъ дар ҷамоати деҳоти "Панҷ"-и ноҳияи Ҷайҳуни кӯмаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид зарур хондааст.Вазир гуфтааст, ки ниҳоди зертобеяш, аз ҳар гуреза ташхиси коронивирус мегирад, бо онҳо суҳбатҳои шахсӣ мегузаронад то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.
https://sputnik.tj/20210901/safir-tedodi-gureza-afghon-tojikiston-1042002583.html
https://sputnik.tj/20210727/vazir-terroriston-niqob-panohandagon-vorid-tojikiston-1041207251.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759827_0:0:2592:1944_1920x0_80_0_0_832874f64388b60548f0230190ac4e0d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, смм, гурезаҳо
дар тоҷикистон, афғонистон, смм, гурезаҳо
Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон тавони қабули зиёди гурезаҳоро надорад ва аз СММ кумак хост
10:14 02.09.2021 (Навсозишуда: 10:56 02.09.2021) Вазири корҳои дохилӣ вазъияти гурезаҳоро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муфассал шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Идораи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Мулугет Зевдӣ мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни муколама вазири тоҷик мушкилоти қабули хориҷиён дар кишварро ба таври муфассал таъкид кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карданд, ки давоми як ҳафта дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба ватан баргардонида шуданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.
Раҳимзода гуфтааст, бо мақсади сохтани лагерҳо ҳанӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кӯмак пешкаш шуда буд.
"Аммо дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад", - гуфтааст вазир.
Номбурда барои таъмиру таҷдид ва шароити зисти "Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда", воқеъ дар ҷамоати деҳоти "Панҷ"-и ноҳияи Ҷайҳуни кӯмаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид зарур хондааст.
Вазир гуфтааст, ки ниҳоди зертобеяш, аз ҳар гуреза ташхиси коронивирус мегирад, бо онҳо суҳбатҳои шахсӣ мегузаронад то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.