Раҳмон ба Масъуду Раббонӣ ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дод

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дод
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ ду шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон - ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонид.
Гуфта мешавад, ки ин мукофоти олиро раисиҷумҳур ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст.
© Котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонБурҳониддини Раббонӣ бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шуд
Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шуд
"Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад", - омадааст дар хабарнома.
© Котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонҚаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз шуд"
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз шуд"
Дар Фармони Президент дар бораи сарфарозгардонии Аҳмадшоҳи Масъуд низ саҳми ӯ дар раванди истиқрори сулҳи тоҷикон зикр шудааст.
"Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад".

Ордени “Исмоили Сомонӣ”

Ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.
Ордени “Исмоили Сомонӣ” аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд.
Дар маркази ситора медалиони тасвири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст.
© Котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонОрдени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I”
Ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I”
Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд иҷро шудааст. Дар қисми поёни медалион ду навдаи зарандуди дарахти ғор сабт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст.
Тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” - тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. Паҳноии тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи I - 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.
Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рӯкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.
Лентаи хабарҳо
0