ВАО: Иттиҳоди Аврупо ба Толибон силоҳ "тақдим кард"

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Обуна шудан
Дар ихтиёри ҷангиён метавонанд ҳудуди 110 чархбол, гаубитса ва дигар лавозимоти ҷангӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 2 сентябрь - Спутник. Ба дасти тарафдорони ҷунбиши радикалии Толибон*, ки дар Русия мамнӯъ аст, метавонад силоҳ ва техникаи низомие, ки аз Ҷумҳурии Чех ворид шуда буд, гузашта бошад. Дар ин бора Mladá fronta Dnes менависад.
Нашрия қайд мекунад, ки эҳтимолан арсенали ҷангҷӯён бо аслиҳае, ки мақомоти Чехия барои муҷаҳҳаз кардани артиши Афғонистон дар соли 2004 дода буданд, пурра карда шуд.
Ҳамин тариқ, Толибон* шаш чархболи бисёрмақсади Ми-17 ва ҳамон миқдор чархболҳои ҳамлаи Ми-24 - ро сощиб шуданд.
Илова бар ин, радикалҳо метавонанд гаубитсаҳои D-30 122 мм ва лавозимоти ҷангиро истифода баранд.
Боевик Талибана* с американской винтовкой M16 в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Як қиёмат силоҳ: ИМА Толибонро* бо чӣ "таъмин" кард - гузориши аксӣ аз Багром
Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки оё Ҷумҳурии Чех силоҳи пештар додашударо баргардонида талаб мекунад ё хайр.
Аз соли 2006 то 2017 кишвар ба Афғонистон 110 чархболи мусофиркаш фиристод, таъкид мекунад Mladá fronta Dnes..
Ёдовар мешавем, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО, инчунин шикасти артиши ҷумҳурӣ, Толибон* миқдори зиёди аслиҳа, техникаи авиатсионӣ ва амниятиро ба даст оварданд.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, низомиён таҷҳизоти дар Афғонистон боқимондаро ғайрифаъол кардаанд.
Аммо, ба наздикӣ, дар интернет як акс аз фурудгоҳи Кобул пайдо шуд, ки дар он ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии Lockheed C-130H, ки аз ҷониби Толибон* забт шудааст, нишон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0