Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Занҳои афғон даст ба тазоҳурот заданд ва ба Толибон* шарт гузоштанд

© AFP 2021 / -Афганские женщины с плакатами, акция протеста в Герате
Афганские женщины с плакатами, акция протеста в Герате  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Занон дар Афғонистон эътирози худро бар зидди мақомоти нав идома хоҳанд дод: онҳо аз Толибон чӣ талаб доранд?
ДУШАНБЕ, 2 сен - Sputnik. Занон дар вилояти Ҳироти Афғонистон ба кӯчаҳо рехтанд. Занони афғон бар зидди Толибон* даст ба эътироз заданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манобеи худ.
Заноне, ки даст ба эътироз заданд ба ҳукумати нави Толибон* чанд шарт гузоштанд. Яке аз шарту талабҳои занони афғон ин риояи ҳуқуқи занон ва иштироки занон дар зиндагии сиёсии давлат буд.
Ба гуфтаи тазоҳуркунандагон, бидуни намояндагии занон, ҳеҷ як "ҳукумат устувор ва пойдор нахоҳад буд".
Илова бар ин, иштироккунандагони ин роҳпаймоӣ зиддияти худро бар ҳукумронии Толибон* баён карданд. Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки "занони афғонро фаромӯш накунанд".
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
ВАО: Иттиҳоди Аврупо ба Толибон силоҳ "тақдим кард"
Бояд қайд кард, ки дар ин роҳпаймоӣ фаъолони маҳаллӣ, донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои давлатӣ низ ширкат доштанд.
Ин аввалин роҳпаймоиҳои эътирозӣ бо ҳузури занон баъд аз тағйири қудрат дар Афғонистон нест. Қаблан чунин як роҳпаймоӣ дар Кобул баргузор шуда буд.
Эътирозгарон дар назди кохи раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ омада, ҳаққи таҳсил, кор ва ширкат дар ҳаёти сиёсии кишварро талаб карда буданд.
Қаблан Толибон* гуфта буданд, ки занон ба ҳукумати ояндаи Афғонистон даъват карда мешаванд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, онҳо намехоҳанд, ки занон худро мазлум ва ҳамчун қурбониён эҳсос кунанд.
* - созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала