Ҷопон барои сохтмон ва бозсозии 10 мактаб дар Тоҷикистон пул медиҳад

Школа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Мақомоти Ҷопон барои сохтмон ва бозсозии 6 мактаб дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор доллар маблағи грантӣ ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Бино ба иттилои сафорати Ҷопон дар Душанбе, ахиран маросими имзои шаш лоиҳаи мувофиқ баргузор гардид. Созишномаҳо аз ҷониби Такаюки Мияшита, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои дахлдор ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии грантҳое, ки ҳукумати Ҷопон барои сохтмон ва таҷдиди шаш мактаб дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҷудо кардааст, 564 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Лоиҳаҳо дар доираи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмаки бепул ва амнияти башардӯстона барои қишри бузурги аҳолӣ (GGP) амалӣ карда мешаванд.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Аввалин қадамҳои 100 ҳазор кӯдак ба мактаб дар вилояти Хатлон
Аз ҷумла, сохтмони мактаби рақами 19 дар шаҳри Роғун бо арзиши беш аз 90,3 ҳазор доллар, мактаби рақами 6 дар шаҳри Левакант ба маблағи беш аз 90,2 ҳазор доллар, мактаби рақами 41 дар ноҳияи Шаҳринав (бештар беш аз 90,6 ҳазор доллар), мактаби рақами 56 дар ноҳияи Лахш (тақрибан 92,6 ҳазор доллар) ва ду мактаб дар ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг (беш аз 173 ҳазор доллар) ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилоъи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, қарордодҳо дар бораи ҷудо кардани маблағи грант барои сохтмони чаҳор мактаби дигар низ рӯзи 6 сентябр ба имзо расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала