“Маҷрои покистонӣ”: Русия ба тарафи ҷануб меравад, ин ҳам оғози кор аст

© Sputnik / Сергей Козлов / Гузаштан ба хазинаи аксШебелинское отделение управления переработки газа. Архивное фото
Шебелинское отделение управления переработки газа. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Расонаҳои хориҷӣ менависад, ки Русия фаъолияти худро барои тақвияти ҳузури стратегии худ дар нуқтаҳои калидии ҷаҳон идома медиҳад. Дар ин сурат, сухан на дар бораи артиш ва нерӯҳои дарёӣ, балки дар бораи бахши энержӣ, бахусус дар бораи "Маҷрои Покистон" меравад
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Ахиран дар Исломобод мулоқоти муҳими дуҷониба сурат гирифт, ки дар он гурӯҳҳои мутахассисони техникии ҳар ду кишвар омодагии худро барои амалӣ намудани ин лоиҳа тасдиқ карданд. Бояд гуфт, ки таҳия ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои техникӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ идома хоҳад ёфт. Тафовути асосии ёддоштҳои тафоҳум қаблӣ дар он аст, ки тадқиқоти геологӣ дар масири лӯлаи эҳтимолии газ оғоз мешавад, яъне қубури оянда қадами аввалини худро аз рӯи коғаз ба замин мегузорад.
Дар аввал, идеяи лоиҳа дар замони бисёр сахт ба миён омад. Соли 2015 созишномаи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва сохтмони лӯлаи гази Шимол-Ҷануб бо дарозии қариб 1100 километр ва арзиши тақрибан 2 миллиард доллар ба имзо расид. Ин маънои онро дошт, ки пудратчиёни Русия аз бандари Карачи то шаҳри Лоҳур хати транзитӣ месохтанд.
Хусусияти идеяи техникӣ дар он буд, ки дар бандар сохтан терминали регазификатсионӣ лозим буд, ки дар он гази моеъ бо истифода киштиҳои газкаши баҳрӣ интиқол дода мешавад ва сипас ба қатъӣ шимол ба музофоти Панҷоб меравад.
Судно-трубоукладчик Фортуна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
"Бозии тӯлонӣ". Сиёсатшинос дар бораи шарти сенаторҳои ИМА оид ба "Маҷрои шимол 2"
Дар тӯли ду сол, амали лоиҳа чандон пешравӣ надошт. Тарафҳо дар бораи андозаи тарифҳои насоси газ ба тавофуқ расида натавонистанд. Русия ӣалаб карда буд, ки арззишро боло баранд вагарна, ба гуфтаи Маскав, лоиҳа аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нахоҳад буд. Сипас аз сӯи ИМА таҳримҳои навбатӣ нисбати корпоратсияи Ростех, ки иҷрокунандаи калидии ин лоиҳа мебошад ҷорӣ карда шуд. Тирамоҳи соли гузашта ҷонибҳо шартҳои созишномаро дубора аз нав дида баромаданд, аммо акнун бо шартҳои Исломобод. Ҳиссаи иштироки Покистон дар ин тарҳ аз 51 то 74 дарсад афзоиш ёфт, дар ҳоле ки шарти ҷалб ва истифодаи танҳо мавод, ҷузъҳо ва таҷҳизоти Русия қатъиян пешбинӣ шудааст. Қарор буд, ки сармоягузории Русия аз 25 дарсад зиёд набошад ва Покистон ҳама хароҷоти дигарро бар дӯш мегирад.
Баҳори соли равон ин лоиҳа ба "Ҷараёни Покистон" номгузорӣ шуд ва вазирони энержии ҳарду кишвар омодагии худро барои оғози сохтмон дар ояндаи наздик эълон карданд.
Барои фаҳмидани ғоя ва ҳадафи ин гуна лоиҳа ба шумо лозим нест, ки ба изҳороти сиёсатмадорон ва ҳама гуна коршиносон гӯш диҳед, балки бо худ харита дошта бошед.
Покистон як кишварест, ки беш аз 220 миллион аҳолӣ дорад. Аҳолии кишвараш дар қиёс ба Ҳиндустону Чин камтар ҳам бошад мардумро ба ғизову либос ва энержӣ таъмин кардан лозим аст. Агар дар рӯи коғаз ҷойгиршавии тамоми нерӯгоҳҳои барқии Покистонро қайд намоем ва сипас онро рӯи харитаи физикии кишвар ҷойгир кунем, номутавозунии ҷиддӣ ба чашми мерасад.
Береговые объекты на территории газораспределительного центра магистрального газопровода Северный поток-2  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Вақти сукути Украина расид. Байден ва Меркел дар бораи "Маҷрои шимолӣ" мувофиқат карданд
Ҳамин харита нишон медиҳад, ки тамоми қисмати ҷанубу ғарбии кишвар дар сарҳад бо Эрон ва Афғонистон амалан нерӯгоҳ аз худ надорад ва дар минтақаи шимоли Исломобод, ки бо Кашмир ва Чин ҳамсарҳад аст, якчанд нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ҳамчун манбаи ягона амал мекунанд.
Табиист, ки хонаҳои мардуми Покистон бояд бо барқ таъмин бошанд ва ин кишвар ба манбаъҳои боэътимоди энергия ниёз дорад, ки натанҳо ниёзҳои худро таъмин карда метавонанд, балки тиҷорати сердаромад бо ҳамсоягони калони худ дошта бошад.
Татбиқи "Маҷрои Покистон" бо зарфияти 12,4 миллиард метри мукааб газ дар як сол нерӯгоҳҳои навро бо сӯзишворӣ таъмин хоҳад кард, ки онҳо дар навбати худ корхонаҳои саноатие, ки дар Панҷоб дар сарҳади Ҳиндустон ҷойгиранд бо энержӣ таъмин месозанд. Агар лоиҳа бомуваффақият анҷом ёбад, ҳмаҷрои шимо*еҷ чизе ба дароз кардани лӯлаи газ ба пойтахт монеъ намешавад.
Барои фаҳмидани он, ки таваҷҷӯҳи Русия дар куҷост, чанд нуктаро бояд зикр кард.
Анналена Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Душмани "Маҷрои Шимолӣ - 2" дар Олмон босуръат мағлуб мешавад
Бояд аз лӯлаи гази TAPI (Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳиндустон) оғоз кард, ки дар он Русия ҳамчун кафили техникӣ, инчунин таъминкунандаи таҷҳизот ва қубурҳо мебошад. Гирандаи ниҳоии газ Ҳиндустон аст, аммо ҳама кишварҳои транзитӣ ба газ ниёзи калон доранд ва аз ин рӯ ба таври возеҳ ҳиссаи худро аз карбогидридҳо талаб мекунанд. Қарор аст, "Маҷро", дар минтақаи шаҳри Мултон ба лӯлаи гази ТАПИ пайвандад. Иқтидори умумии ду лӯлаи газ дар ин лула 55 миллиард метри мукааб хоҳад буд. Бо ин гуна захираҳо дар даст Покистон метавонад ба газификатсияи азими дохилӣ шурӯъ кунад ва барои муқовимати сиёсӣ бо Ҳиндустон, минтақаи баҳсбарангези Кашмирро дар ихтиёр дорад, бартарӣ дошта бошад.
Илова бар ин, ташаккули бозори газ дар кишваре ба мисли Покистон, ки дар он тақрибан се маротиба бештар аз Олмон ё Туркия мардум зиндагӣ мекунад, кафолат медиҳад, ки бозори ҷаҳонии газ аз нав шакл мегирад. Албатта, пеш аз ҳама, барои Қатар бениҳоят ҷолиб аст, ки метавонад гази моеъи худро бо роҳи кӯтоҳтарин аз халиҷи Форс то халиҷи Умон ва минбаъд ба Карачи интиқол диҳад. Ҳамзамон, Қатар дар ҳолати ба таври назаррас афзоиш додани истеҳсоли газ нест, яъне ин маънои онро дорад, ки дар оянда интиқоли гази Қатар ба Аврупо коҳиш меёбад ва тариқи лӯлаҳо газ интиқоли гази Русия афзоиш меёбад.
Cудно работает на шельфе Балтийского моря на газопроводе Nord Stream 2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Вазири хориҷаи Украина мехоҳад лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ-2”-ро бо Қрим иваз намояд
Бидуни шубҳа, эҳёи минтақа ҳам бо тағироти сиёсӣ дар Афғонистон ва ҳам бо анҷоми сохтмони “Маҷрои Шимолӣ-2” алоқамандӣ дорад. Русия ба таври возеҳ нишон дод, ки қодир аст ҳама гуна лоиҳаҳоро анҷом диҳад, ҳатто дар зери фишори таҳримҳои азим. Ҳиндустон талош дорад ба як қудрати асосии металлургии ҷаҳон табдил ёбад, вай ҳамзамон ба маъдани оҳани Афғонистон, ангишти коксшаванда ва гази Русия ниёз дорад. Покистон мехоҳад ба сатҳи нави рушди саноатӣ бирасад, аммо ин бори дигар гази табииро талаб мекунад ва монанди тамоми кишварҳои ҳамсоя аз камбуди он ранҷ мебарад. Аслан Афғонистон омода аст, ки ҳама гуна захираҳоро аз худ кунад, зеро барқрасонӣ дар кишвар ба шарофати ҷанги беист дар сатҳи асрҳои миёна қарор дорад.
Агар Толибон (созмони маманӯъ дар қаламрави Русия) тавонанд кишварро аз як ҷанги бузург наҷот диҳанд, пас дар ояндаи наздик мо шоҳиди ҷанг барои бозорҳои нави энержӣ, тиҷорат ва саноат мешавем. Боиси хушҳолист, ки Русия аллакай яке аз самтҳои калидӣ ва ояндадори рушдро барои худ муайян кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала