NBA нияти ташкили Академияи баскетбол дар Тоҷикистонро дорад

© дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонМакс Вилсон, менеҷери Ассотсиатсияи миллии баскетболи ИМА - NBA ва Абдуллозода Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Макс Вилсон, менеҷери Ассотсиатсияи миллии баскетболи ИМА - NBA ва  Абдуллозода  Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Обуна шудан
Макс Вилсон, менеҷери Ассотсиатсияи миллии баскетболи ИМА - NBA аз нияти ташкили Акдемияи баскетбол дар Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Макс Вилсон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, ҳадафи сафарашро роҳандозоии ҳамкориҳо, табодули таҷриба, омӯзишу такмили ихтисоси мураббиёну варзишгарон хондаст.
Вилсон дар мулоқот бо котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо инчунин аз нияти ташкили Академияи баскетбол дар ҷумҳурӣ гуфтааст.
Танцы на колясках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2019
Тоҷикдухтари маъюб ҳам рақс ва ҳам баскетбол бозӣ мекунад
"Дар навбати аввал барои табодули таҷриба мутахассисонро аз NBA ба ин ҷо фиристем ва мураббиёну варзишгаронро аз Тоҷикистон ба ИМА сафарбар намоем. Сипас, бо дастгирии NBA шояд дар Тоҷикистон Академияи баскетбол таъсис диҳем”, - хабар додааст Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли Вилсон.
Абдуллозода Муҳаммадшо дар мулоқот иттилоъ додааст, ки тайи се соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 300 майдончаи варзишӣ сохта шуд, ки барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол нигаронида шудаанд.
Инчунин ҷонибҳо барои омода кардани дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои Бозиҳои Осиё-2022, ки моҳи сентябри соли оянда дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ддар назар аст, созиш кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0