Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Панҷшер суқут кард? Вокуниши Аҳмад Масъуд

© AFP 2021 / JOEL SAGETАхмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Дар ҳоле ки “Толибон”* аз тасаллуташон бар Панҷшер хабар додаанду бо типаррониҳо дар Кобул ин пирӯзияшонро таҷлил мекунанд, Аҳмади Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, суқути Панҷшер охирин рӯзашон хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Ҳаракати “Толибон”* эълон кард, ки пас аз панҷ рӯзи ҷанг муваффақ шуд, ки ба дараи Панҷшер ворид шавад
"Толибон"* иддао доранд, ки ба Париён бузургтарин вулусволии ин вилоят ворид шуданд ва маркази онро ишғол намуданд. Далели суқути Париёнро ин гуфтаанд, ки волии номниҳоди “Толибон” дар ин вилоят зодаи ин вулусволӣ ба номи Мавлавӣ Абдулъалӣ будааст.
Манобеъи “Толибон”* хабар медиҳанд, ки Панҷшерро мукаммал ишғол кардаанд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Хабар аз Панҷшер баъди хомӯшӣ: пешрафти муқовимату талафи Толибон* - чанд нафару дар куҷо
Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, онҳо як каме муваффақ шуданд, ки ба вулусволии Париён, ки волии номниҳоди Панҷшер зодаи он аст, ворид шаванд.
“Бақия ҳарфҳо, ки мезананд, таблиғоти душман аст. Ҷанги мо идома дорад. Мо пирӯзи ин ҷанг хоҳем буд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамзамон расонаҳо аз фирори Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷунбиши муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури Афғонистон, хабар доданд. Яке аз наздикони Аҳмад Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Аҳмад Масъуд дар Панҷшер аст ва он чӣ гуфта мешавад, таблиғоти Покистон аст.
“Ин дурӯғ аст. Ишғоли Панҷшер рӯзи охирини мо дар зиндагӣ хоҳад буд. Ин ҳарфи раҳбари мост”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон наздикони Амруллоҳ Солеҳ низ як навореро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, ки мавсуф мегӯяд, дар Панҷшер аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала