Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Аз саргирии парвозҳои доимии боз як ширкати ҳавоии Русия аз Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Ҳавопаймоҳо мунтазам зиёда аз 20 шаҳри Русия ба Душанбе, Хуҷанд ва шаҳри Кӯлоб парвоз хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 3 сен - Sputnik. Ширкати "Уралские авиалинии" парвозҳои муқаррариро аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон аз сар гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкати ҳавоӣ.
"Ширкати ҳавоӣ парвозҳои мунтазами худро аз Тоҷикистон ба Русия ва инчунин аз Русия ба Тоҷикистон оғоз кардааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Маълум шудааст, ки дар фасли тирамоҳ ҳавопаймоҳои Ural Airlines ба Жуковский, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа, Новосибирск, Перм, Налчик, Нижнекамск, Минеральные Воды, Қазон, Ростови лаби Дон, Самара, Красноярск, Краснодар, Челябинск, Калуга, Белгород, Липецк, Владикавказ, Нижний Новгород ва Воронеж аз Душанбе, Хуҷанд, инчунин Кӯлоб парвоз хоҳанд кард.
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Феҳристи нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд
Ин ширкат илова кардааст, мусофироне, ки аз Русия парвоз мекунанд, ба Тоҷикистон, лозим надоранд санади "олуда набудан ба коронавирус"-ро пешниҳод намоянд.
Қаблан аз афзоиши парвозҳо миёни ду кишвар сафорати Русия дар Душанбе хабар дод.
Онҳо қайд карданд, ки аз 7 сентябр ҳавопаймоҳои ширкати “Utair” ҳар рӯз дар масири Маскав-Душанбе парвоз хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ситоди амалиётӣ оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Русия тасмим гирифтааст, ки аз 27 август шумораи парвозҳо байни Тоҷикистону Русияро зиёд намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала