Театри Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои кишварҳои ИДМ шомил шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТеатр оперы и балета им. С. Айни. Архивное фото
Театр оперы и балета им. С. Айни. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон яке аз беҳтарин театрҳо миёни кишварҳои ИДМ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба рӯйхати 10 театри беҳтарини операи ИДМ ворид шуд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба агентии ТурСтат.
Манбаъ қайд кардааст, ки таҳқиқот доир ба нуфузи театрҳо ва пешниҳоди намоишҳо ба таври бархат (онлайн) гузашта, даҳгонаи беҳтарини театрҳои операро дар ИДМ муайян кард.
Гуфта шудааст, ки ба даҳгонаи мазкур, инчунин, театрҳои кишварҳои Россия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Узбекистон ва Молдова ворид шуданд.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ соли 1935 дар асоси Қарори Комиссариати Халқии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун Театри мусиқӣ ташкил ёфт.
Ҷашнвораи театрии Парасту дар Душанбе ифтитоҳ шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2019
Коршинос гуфт, намоишномаҳои театри тоҷик замонавӣ нестанд
Соли 1940 дар асоси Фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон театри номбурда Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номнавис мешавад.
Соли 1954 театр бо Қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон театр ба номи устодСадриддин Айнӣ номгузорӣ шуд.
Аввалин операи тоҷик соли 1939 “Шӯриши Восеъ” либретои Мирзо Турсунзода ваАбдусалом Деҳотӣ, мусиқии оҳангсоз Сергей Баласанян рӯи саҳна омад.
Соли 1971 барои муваффақиятҳои эҷодӣ ба театр унвони театри академӣ дода шуд.
Жанри репертуари театр опера ва балет мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала