Тими Тоҷикистон дар "Биотлони тонкӣ - 2021" мақоми дуюм гирифт

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкФорум "Армия-2021". Танковый биатлон. Финал
Форум Армия-2021. Танковый биатлон. Финал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Обуна шудан
Тими тонкдорони Тоҷикистон иштирокашро дар "Биотлони тонкӣ - 2021" анҷом дод
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тими Тоҷикистон дар "Биотлони тонкӣ - 2021" мавқеи дуюмро ишғол кард. Тонкдорони тоҷик дар дивизиони дуюми ин мусобиқа иштирок карданд.
Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи соли равон 2 соату 20 дақиқаю 5 сония нишон дода, барандаи медалҳои нуқра шуд. Тонкдорони тоҷик аз дастаи пирӯз ҳудуди се дақиқа ақиб монданд.
Ғолиби дивизиони дуюм дар бозиҳои ҳафтуми биотлони тонкӣ тими Қирғизистон шуд, ки натиҷаи нишондодааш 2 соату 16 дақиқаю 51 сония мебошад.
Мақоми сеюмр Мянмор ва зинаи чорумро дастаи тонкдорони Осетияи ҷанубӣ соҳиб шуданд.
"Биотлони тонкӣ - 2021" дар размоишгоҳи Алабино дар наздикии Маскав баргузор шуд. Маврид ба зикр аст, ки пирӯзи мусобиқа дар дивизиони дуюм ҳаққи иштирок дар сабқати дивизиони якум дар соли ояндаро хоҳад дошт.
Форум Армия-2021. Танковый биатлон. Полуфинал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Тонкронҳои тоҷик аз ҳарифони қирғизашон шикаст хӯрданд
Дар ҳамин ҳол 4 сентябр марҳилаи ниҳоии сабқати тонкӣ дар дивизиони якум дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки сабтқатҳои тонкӣ аз соли 2013 бо ташаббуси генерали артиш, Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0