Тирамоҳи гарм: пешбинии обуҳавошиносон барои 3 сентябр

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Обуна шудан
Ҳавои гарм дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад, сардиҳо бошад аз шарқи Помир поин мешавад
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 гарм, дар баъзе минтақаҳо то -3+2, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар базе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0