Дилтангӣ инсонро ба марг мерасонад: равоншинос

© Sputnik / Владимир ПесняМолодые люди в Парке Горького в Москве
Молодые люди в Парке Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Коршинос қайд мекунад, ки ҳар як амали инсон бояд натиҷае бидиҳад, вагарна аз фаъолияти бемаънӣ дилтангӣ ба вуҷуд меояд
ДУШАНБЕ, 4 сент – Sputnik. Дилгиршавии музмин метавонад марговар бошад, гуфт равоншинос Ирина Хвингия дар суҳбат ба радиои Sputnik.
Духтурон дилгириро ҳолати рӯҳие медонанд, вақте, ки шахс рӯҳафтода, ғайрифаъол аст ва ба олами атроф таваҷҷӯҳи кам дорад.
Инро баъзан аз сабаби реҷаи ҳаррӯзаи худ ё бо ягон сабаби дигар эҳсос кардан комилан муқаррарӣ аст. Вақте, ки инсон пайваста дар чунин ҳолат қарор мегирад, вазъ ғайримуқаррарӣ мешавад.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Хвингия мегӯяд, коҳиши дарозмуддати таваҷҷӯҳ ба олами атроф ва фаъолияти худ умри инсонро кӯтоҳ мекунад.

"Тадқиқотҳои олимон исбот кардаанд, ки дилтангӣ ба марги бармаҳал оварда мерасонад. Дар як таҷрибаи дарозмуддат одамони зиёде ширкат карданд, аз ҷумла онҳое, ки дар ҳолати дилтангии музмин қарор доштанд. Сабабҳои марги чунин одамон ба андозае бо дилтангии доимӣ, ки ба депрессия табдил меёбад ва ба марг оварда расонад, алоқаманд буд", - гуфт Хвингия.

Ба гуфти равоншинос, барои халос шудан инсон бояд сабабҳои онро бартараф кунад. Агар анҷом додани ин кор мустақилона натиҷа надиҳад бояд ба мутахассис муроҷиат кард. Коршинос барои муайян кардани он, ки кадом амалҳои маъмулӣ воқеан бемаънӣ ё бефоидаанд, кумак мекунад.
Телефон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Панҷ одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунад
"Равоншиносон ва дар ҳолатҳои махсусан вазнин психиатрҳо метавонанд кумак расонанд. Бо сабабҳо мубориза бурдан муҳим аст. Агар мо дар бораи ҷузъи равонӣ сухан ронем, сабаби асосии ташаккули дилтангӣ шумораи зиёди фаъолиятҳои бемаънӣ ва бефоида аст. Ҳар як амали мо бояд натиҷаи возеҳ ё маънои ботинӣ дошта бошад. Дилтангӣ аз фаъолиятҳои бемаънӣ рушд мекунад", - тавзеҳ дод коршинос.
Зимнан, чунин таҳлили амалҳо метавонад хеле ҷолиб гардад ва шумо дигар дилгир намешавед, афзуд коршинос.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала