Эътирозҳои занон алайҳи “Толибон”* дар Кобулу Ҳирот ва ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимат

© AFP 2023 / NICOLAS ASFOURIЖенщина в Афганистане в парандже
Женщина в Афганистане в парандже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Тайи ду рӯзи гузашта дар шаҳрҳои Ҳироту Кобули Афғонистон ду гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи сиёсатҳои “Толибон” дар баробари занон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Ширкаткунандагони ин эътирозҳо занони фаъоли ин ду шаҳр буданд, ки барои дифоъ аз ҳуқуқҳояшон ба майдон омаданд.
Фотима Ризоӣ (номи тағйирёфта), яке аз онҳо, ки дар Кобул қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зан дар қаламрави ҳокмияти “Толибон”* як моликият аст, ки мард ҳақ дорад бо он ҳар чӣ хоҳад бикунад ва агар мо хомӯш бошем, эътироз накунем, ҳамин гуна як моликият боқӣ хоҳад монд.
“Толибон* он қадар ҳаққи занро намешиносанд, ки ҳатто барои қаноати кишварҳои ҷаҳон як занро ҳам ба ҳокимият роҳ доданӣ нестанд. Зан ҳам метавонад вазир ё раис бошад. Ин дар сатҳи сиёсӣ инкор кардани ҳаққи зан ба будан аст. Зан ҳам инсон аст”, - гуфт ӯ.
Аз аксҳое, ки ширкатдорони ин эътирозҳо дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, шиорҳое, назири “Ҷомиае, ки зан фаъол нест, мурдааст”, “Мо ҳама бо ҳам ҳастем, зулму ситам шикастем”, “Маориф, озодӣ, кор ба ҳар зан!”? “Озодӣ шиори мост, он моро ифтихор мебахшад”, ба забонҳои инглисиву форсӣ дар дасти занони эътирозгар дида мешавад.
Инчунин дар шаҳри Ҳирот низ ҳамчунин эътироз роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар гирдиҳамоии Кобул ҳудуди 200 ва Ҳирот тақрибан 150 нафар ширкат кардаанд.
Министр иностранных дел Афганистана Салахуддин Раббани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Раббонӣ аз Толибон* дар шимол хост, алайҳи ҷабҳаи муқовимат наҷанганд - видео
“Толибон”* баробари ба қудрат расидан, ба фарқ аз толибони солҳои 90-ум эълон доштанд, ки монеае барои кору таҳсил ва гаштугузори озоди занон бидуни маҳрам дар Афғонистон нахоҳанд шуд. Ҳоло занон дар шаҳрҳои Афғонистон озод мегарданд, дар шифохонаву мактабҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд.
Аммо бино ба ахбори муқаддамотӣ, ки аз ҳайати ҳукумати “Толибон”* дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, эҳтимолан дар ҳукумат ягон зан ҷой нахоҳад гирифт.
“Толибон”* дар мавриди ин ду эътирз ҳоло изҳори назар накардаанд. Хабарҳои латукӯби эътирозгарон аз сӯи ҷангиёни ин гуруҳ дар Ҳиротро ҳеҷ марҷаъе ҳам такзиб ё таъйид накардааст.
Дар ҳамин ҳол Ҷабҳаи муқовимат бо нашри як изҳорот аз эътирози занон дар Кобулу Ҳирот ҳимоят карда, афзудааст, ки талабу ҳуқуқу озодиҳои зан аз ҷумлаи арзишҳоест, ки имрӯз нерӯҳои муқовимат барои он истод шудаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0