Боз фиреб дар мошинбозор: харидор пулро намедиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевАвторынок в селе Чимтеппа
Авторынок в селе Чимтеппа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати дигари фиребкорӣ зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маъмурини милиса бо иттиҳоми қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин, марди 50-сола, сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муттаҳам ҳанӯз моҳи марти соли равон дар бозори фурӯши автомашинаҳои "Дӯстӣ", воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара даромада, "Опел астра" - ашро гирифтааст.
Манбаъ афзуд, ки муттаҳам ба соҳибмулк мошинро 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, нася гирифтааст, аммо пулро то ҳол намедиҳад.
Новое здание агенства против коррупции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Боз қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин: "Порше" - ро бо 3 ҳазор сомонӣ гирифтаанд
ВУД мегӯяд, феълан алайҳи гумонбар дар қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди фиребкорӣ дар бозори мошин хабар медиҳанд. Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.
Аз ҷумла ҳафтаи равон аз муроҷиати сокини Душанбе ба идораи милиса хабар дода шуд, ки шикоят дорад, сокини 30-солаи пойтахт 31-уми майи соли равон дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳр, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, мошин ваъда кардааст. Ба иттилои ВУД, муттаҳам дар қаллобӣ ба ивази ин маблағ изҳор доштааст, ки барои соҳиби пул мошини тамғаи "BMW Х-7" оварда медиҳад, аммо ваъдаашро иҷро накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала