Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Ба дом афтоданд": фирори "Толибон"* аз Онобаи Панҷшер

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Неруҳои ҳаракати "Толибон"* дар вулусволии Онобаи Панҷшер ба як муқовимати шадид дучор омада, бо додании садҳо кушта тарки дара кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар як навори видеоӣ ҳам фирори онҳо аз дара аз сӯи сокинони маҳал сабт шудааст. Қаблан онҳо хабар дода буданд, ки шаҳраки Руха, маркази вилояти Панҷшерро низ ишғол кардаанд.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон ба нақли қавл аз Гулҳайдархон, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, гуфтанд, ки "Толибон"* аз қисмати ғарбии дара, тариқи Даҳанаи Панҷшер ва Дурбанди вилояти Кописо вориди дара шуда, то вулусволии Оноба, 20 – километрии шаҳраки Руха наздик омада буданд.
"Дар ин ҷо онҳо ба камини нерӯҳои муқовимат таҳти раҳбарии фармондеҳон Гулҳайдархон ва Баҳлул бархӯрданд ва ғофилгир шуданд. Онҳо дар муҳосира афтода, сардаргум шуданд, чун ҷуғрофиёро намедонистанд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, теъдоди кушташудагон аз миёни "Толибон"* дар ин даргириҳо аз марзи 500 нафар гузашта, ҳудуди 100 нафар низ асир афтодаанд.
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
"Агар шаҳид ҳам шавем, бигзор ҳама донанд" - муроҷиати Аҳмад Масъуд ба ҷаҳон
Талафоти ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат хеле кам арзёбӣ мешавад, ки аксарият захамҳои сабук бардоштаанд.
Фирори "Толибон"* аз Панҷшер дар навори як сокини шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон сабт шудааст, ки бино ба он, корвони мошинҳои ҷангиёни толиб аз роҳи хуруҷии дараи Панҷшеру тариқи дарвозаи вурудии шаҳри Гулбаҳор ба самти Ҷабалуссироҷ ҳаракат доранд.
Бронетранспортеры ополченцев в Панджшерской долине, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Панҷшер: касе фирор накардааст, гуруҳе аз Толибон* таслим шуданд, муқовимат идома дорад
Дар ҳамин ҳол, ҷангҳо дар вулусволии болоии Панҷшер – Париён идома дошта, "Толибон"* ҳудуди 5 километр қафо зада шудаанд ва дар деҳаи Дашти Ревати ин вулусволӣ идома доранд.
Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"
Манобеъ мегӯянд, ин шаб сарнавишти ҷанги Панҷшер маълум хоҳад шуд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала