Ҷабҳаи муқовимат нерӯҳои Толибон*-ро ба дом афтондааст - манбаъ

© AFP 2023 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшер таслимашонро эълон карда, баъди вуруди Толибон* ба вилоят онҳоро мавриди ҳамла қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Гуруҳи ҷангиёни Толибон* дар вилояти Панҷшер ба доми нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат афтиданд, хабар додааст РИА Новости бо такя ба як манбааш аз ҷониби Толибон*.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби гузашта рух дода, гуруҳе аз ҷабҳаи нерӯҳои муқовимат зимни вуруди Толибон* ба Панҷшер онҳоро дар муҳосира қарор гирифтанд. Тафсилоти бештар ироа нашудаст.
Толибон* аксари музофоти Афғонистонро бидуни муқовимати шадид ба даст гирифта, 15 август вориди Кобул шуданд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар хотима ёфт.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Тактикӣ": ақибнишиниҳои Ҷабҳаи муқовимат аз хатти аввал дар Панҷшер
Аммо нерӯҳои ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер, ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* ҷамъ омада, ташкили ҳукумати ҳамашумул ва ҳуққуқу озодиҳоро ба мардуми кишвар талаб доранд.
Ҷангиёни Толибон* тайи рӯзҳои охир бо равона кардани ҳазорҳо ҷангӣ ва техники вазнини низомӣ ҳамла ба вилоятро шиддат бахшида, ахиран эълон кард, ки аллакай аз 7 чор ноҳияи вилоятро зери назорати худ даровардаст. Ҷабҳаи муқовимат бархе ақибнишинии тактикиро тасдиқ карда, афзудааст, ки мубориза барои озодию адолат дар кишвар идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0