Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"

© AFP 2021 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх, ки ҳоло дар шаҳри Дубай қарор дорад, ба Толибон* ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 4 сент – Sputnik. Собиқ волии Балх ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсии Афғонистон Ато Муҳаммади Нур гуфт, дар бунбасти ғизоӣ ва комуникатсионӣ қарор додани Панҷшер - этносиди воқеъӣ аст.
Ӯ ба Толибон* ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда мегӯяд, қатъи барқ ва кумаки башардӯстона ба Панҷшер маънои куштори қавмиро дорад.

"Ҷанги Толибон* алайҳи Панҷшер ва куштори онон бо бастани масирҳои ин вилоят, қатъи барқ, маводи хӯрокӣ ва шабакаҳои мухобиротӣ ба шумули хадамоти сиҳӣ, ҷуз истибдод мафҳуми дигар надорад. Ин ҷанг ва куштори қавмӣ аст ва зиёнҳои он бисёр ғамангез аст", - навиштааст Нур дар саҳифааш дар Facebook.

Нур афзуда, ки хомӯшии марговари ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз ҳуқуқи башар фарёд мезананд ва ба Панҷшер тамоми хидматҳо ҳатто хадамоти тиббиро қатъ мекунад, мафҳуме ҷуз қабоҳатзудоӣ аз Толибонро* надорад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард - коршинос
Пештар Нур ба “Толибон”* ҳушдор дод, то аз зӯроварӣ сари дараи Панҷшер даст бардоранд, дар акси ҳол, ҳама дар канори Аҳмади Масъуд қарор хоҳанд гирифт.
Вай афзуд, ки куштор ва тасаллут ба зӯр ба ҳеҷ ваҷҳ ба мафҳуми тасаллути комил бар як ҷуғрофия нест ва беҳтар аст ба ҷои хушунат, роҳҳои беҳтари дигаре ҷустуҷӯ шавад.
“Барои Аҳмадҷони Масъуд ва соири сангардорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин муборизаи душвор, орзуи пирӯзӣ дорам ва таъкид мекунам, ки онон танҳо нестанд, балки аз Балх то Қандаҳор, аз Бадахшон то Ҳирот ва аз ҳар гӯшаи ин сарзамин, мардуми озода дар канори онон қарор дорад ва қарор хоҳанд гирифт”, - гуфт собиқ волии Балх.
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Ҷабҳаи муқовимат нерӯҳои Толибон*-ро ба дом афтондааст - манбаъ
Устод Атомуҳаммади Нур 14 августи соли равон дар пайи суқути Мазори Шариф, пойгоҳи аслии ӯ ба дасти “Толибон”* Афғонистонро ба қасди Ӯзбекистон тарк кард ва аз он ҷо ба шаҳри Дубай рафт.
Баъдтар дар суҳбатҳояш вай гуфт, ки бо маслиҳати афроди муҳими кишвар, назири вазири дифоъи пешин Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва маршал Абдурашид Дӯстум, тарки ватан кардааст.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Тактикӣ": ақибнишиниҳои Ҷабҳаи муқовимат аз хатти аввал дар Панҷшер
Дар ҳамин ҳол, ёвари ӯ мегӯяд, қисме аз нерӯҳои бозмонда аз Устод Ато дар Афғонистон ҳоло дар Панҷшер меҷанганд ва иддае ҳам дар қаламрави Балху вилоятҳои атрофи он мунтазири фармонанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала