Пуштибонии Фарҳоди Дарё аз ҷабҳаи муқовимат ва ҳушдор ба “Толибон”*

© AFP 2021 / MASSOUD HOSSAINIПевец Фархад Дарья, посол доброй воли Организации Объединенных Наций
Певец Фархад Дарья, посол доброй воли Организации Объединенных Наций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ кард
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Фарҳод Дарё мегӯяд, Ҷабҳаи муқовимат хостаҳои мардумро баён мекунад, ки худи халқ дар аксари маврид аз тарси силоҳдорон гуфта наметавонанд.
Овозхони маъруф, ки худ аз қавми паштун аст, қабл аз ин аз сӯи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавмгароӣ ва пуштибонӣ аз “Толибон”* муттаҳам шуд, дар ҳоле ки ӯ ҷое ба пуштибонӣ аз ин гурӯҳи ифротӣ садо баланд накарда буд.
Фарҳоди Дарё дар сафҳаи фейсбукии худ, ки аслияташро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, гуфтааст, бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон миллионҳо нафаре, ки туфангу ҷабҳа надоранд ва ба истилоҳ, пушташон холист, аз тарси муқобил шудан бо туфангдорони ҷадид, садои хостаҳои барҳақи худро дар сина ҳабс кардаанд. Ӯ афзуд, дар муқобил, Ҷабҳаи муқовамат дар Панҷшер, ки туфанг ва ҷабҳа доранд, хостаҳои худ ва мардумро баланду ба ҷаҳр баён мекунанд.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
“Аҳмадҷони Масъуд, танҳо нестӣ”: Устод Ато ба “Толибон”* ҳушдор дод
“Хостаҳои муқовамат - тавре, ки худашон иддао мекунанд - дастёбӣ ба як низоми ҳамашумул бо пояҳои мардумӣ аст, чизе, ки орзуи миллионҳо шаҳрванди бетуфанг ва беҷабҳа аз саросари Афғонистон ҳам аст. Аъзои барҷастаи муқовамат мегӯянд, алоқае ба иштирок дар қудрату нишастан бар курсии қудрат ва мақом надоранд, ки умедворем воқеан чунин бошад", - изҳор дошт Дарё.
Ӯ афзуд, агар чунин бошад, ин хабар метавонад барои мардум ва низоми ҷадид, хабаре хуш бошад. Дар идома мавсуф мегӯяд, таърих нишон додааст, ки ҳеҷ ҳукумате аз милаи туфанг бақо надоштааст ва беҳтарин роҳи ҳал барои гузаштани муваффақона аз ин муъзали бузург аввал як ҳукумати ҳамашумул бар асоси иродаи мардуми Афғонистон аст.
“Он гоҳ хоҳед дид, на танҳо Панҷшер, балки тамоми ватан ба нияти ободӣ ва бозсозӣ, ба якдигар хоҳанд пайваст”, - гуфтааст Фарҳоди Дарё.
Вай мегӯяд, оғоз кардани як ҷанг кори содда аст ва мумкин аст танҳо бо як гулӯла ҳам дар бигирад, аммо авоқиби хеле хатарнок дорад.
“Дар ҷанг аҷала накунед! Ҷанг дар чунин шароит фаротар аз ҷуғрофияи Панҷшер хоҳад рафт ва тамоми кишварро фаро хоҳад гирифт, ки ба суди Афғонистон ва ба нафъи ҳеҷ гурӯҳе нест. Панҷшер аз сӯи ҳеҷ қуввати хориҷи идора намешавад ва онон ҳам фарзандон ҳамин сарзаминанд!”, - гуфтааст овозхони маъруф.
Дар интиҳо Фарҳоди Дарё ҷонибҳои даргир дар Афғонистонро ба хештандориву мадоро ва ҳалли мушкил аз роҳи гуфтугӯ даъват карда, мегӯяд, нагузорем ҷанги дигар дар бигирад.
Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, на фақат дар Афғонистон, балки Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Вай соли 1990 дар пайи суқути давлати коммунистии Афғонистон ба хориҷ аз кишвар фирор карда, ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад. Як соли ахир ӯ дар сафҳаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуда, дар умури сиёсату фарҳанг низ изҳори назар мекунад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала