Роналду дар карантин - Бритониё ӯро истисно накард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКриштиану Роналду
Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Қарор аст, ки дебюти футболбози португалӣ охири ҳафтаи оянда дар варзишгоҳи "Манчестер Юнайтед" баргузор шавад. Барои ширкат дар бозӣ ва карантин футболбоз тими миллиро пеш аз муҳлат тарк кард
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Футболбози дастаи "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду зимни бозгашт аз Португалия карантин шуд, хабар медиҳад Eurosport.
Футболбози 36-сола дар охири моҳи август аз "Ювентус", ки дар он аз соли 2003 то 2009 бозӣ кардааст, ба "Манчестер Юнайтед" гузашт. Футболбоз фавран ба Манчестер нарафт, балки дар Лиссабон монд ва бо тими миллии худ бар зидди Ирландия дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 бозӣ кард.
Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2017
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод
Ҳамлагар тими миллиро тарк карда, ба Бритониё барои карантини ҳатмии панҷрӯза омад.
"Манчестер Юнайтед" ба ҳукумати Бритониё бо дархости бекор кардани карантини португалӣ муроҷиат кард, аммо ин муроҷиат рад карда шуд. Ин қоида ба ҳама мусофирон, ки аз Португалия ба Бритониё ворид мешаванд, дахл дорад.
Дар рӯзи дуввум ва панҷуми карантин, Роналду бояд аз санҷишҳои коронавирус гузарад. Танҳо пас аз натиҷаҳои манфӣ ӯ метавонад ба машқҳо дар гурӯҳи умумӣ оғоз кунад.
Ҳамин тариқ, Криштиану то рӯзи чоршанбе наметавонад ба даста ҳамроҳ шавад - ҳамагӣ се рӯз пеш аз бозии Премйер Лига бо Нюкасл дар Олд Траффорд.
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Бозгашт ба "хона": Криштиану Роналду дубора ба "Манчестер Юнайтед" пайваст
Иинтизор меравад, ки ҳамин бозӣ барои Роналду пас аз бозгашт ба Англия аввалин дар "Манчестер Юнайтед" хоҳад буд.
Аммо агар ҳамлагар пеш аз мӯҳлат маҳалли ҷойгиршавии тими миллии Португалияро тарк намекард, ӯ вақт надошт, ки пеш аз вохӯрӣ аз карантин гузарад.
Дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 бо Ирландия Роналду дубл ба даст оварда, рекорди ҳамлагари эронӣ Алӣ Дайиро аз рӯи шумораи голҳо дар таърихи тими миллӣ, шикаст.
Ҳоло варзишкори португалии 36-сола дар ҳайати тими миллӣ 111 гол дорад. Барои ин дастовардаш, ҳамлагар ба китоби рекордҳои Гиннес шомил карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0