Ровии телевизиони Ӯзбекистон зимни пахши мустақим беҳуш шуд - видео

© Pixabay / Gadini Пульт управления от телевизора
Пульт управления от телевизора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Роҳбарияти телевизион аллакай ин ҳодисаро шарҳ додаанд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти пахши мустақим паҳн шуд, ки дар он ровии телевизион беҳуш шуд.
Ин ҳодиса дар шабакаи телевизионии ҷавонони Ӯзбекистон рух дод.
Аз навор дида мешавад, ки баранда Захрохон Киличева дар лаҳзаҳои аввал оҳиста -оҳиста гап мезанад ва баъд мувозинаташро гум карда ба замин меафтад.
Роҳбарияти шабакаи телевизионӣ аллакай ин ҳодисаро шарҳ додаанд.
Қайд карда мешавад, ки ҳангоми пахши мустақими барнома сари ровӣ чарх задааст ва ӯ худро беҳол эҳсос кардааст.

"Аммо ӯ кӯшиш кард, ки инро нишон надиҳад ва то сонияи охир вазифаи касбии худро иҷро мекард", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Вақте ки баранда беҳуш шуд, ба ӯ ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. Ҳоло вазъи зан қаноатбахш аст, ба саломатии ӯ хатари ҷиддӣ вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала