"Агар шаҳид ҳам шавем, бигзор ҳама донанд" - муроҷиати Аҳмад Масъуд ба ҷаҳон

© REUTERS / MOHAMMAD ISMAILАхмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аз ҷомиаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба куштори кӯдакону занони Панҷшер ва аҳли мазҳабу аққалиятҳои қавмӣ дар Афғонистон аз сӯи “Толибон”* таваҷҷӯҳ кунад
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар ин муроҷиатнома, ки аз сӯи афроди наздик ба Аҳмади Масъуд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузоштааст, вай мегӯяд, "Толибон"* як гуруҳи тундрав аз номи дину мазҳаб ҷаҳонро ба чашми ифротият ва тундгароӣ мебинад ва ин гуруҳи тундрав дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳадафманд ба унвони як бозингар дар Афғонистон парчами сафедашро баланд кард.
“Амри тақвияти ифротгароии Толибон* равшан ва маълум буда, доманаи тундравӣ ҳамлаҳои зиддибашарии ин гуруҳ васеъ шуда, оқибатҳои даҳшатноки он имрӯз ё фардо кулли кишварҳои Осиёи Миёна, Ҷанубу Шарқи Осиё, Ховари Миёна ва ҷаҳонро низ фаро хоҳад гирифт”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд.
Бронетранспортеры ополченцев в Панджшерской долине, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Панҷшер: касе фирор накардааст, гуруҳе аз Толибон* таслим шуданд, муқовимат идома дорад
Дар идома раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, имрӯз “Толибон”* аз пайвастан ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ, ба мисли "Ал-қоида"* ва "ДОИШ"* бар зидди қувваҳои озодихоҳи минтақаи Панҷшер мушаххас эътироф намудаанд.
“Акнун ДОИШ*, Ал-қоида* ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳамкорӣ бо Толибон* дар Панҷшер ва минтақаи Шимолӣ Афғонистон ба наслкушии ақалиятҳои миллӣ шуруъ намуданд. Масъули ин бесарусомонӣ онҳое ҳастанд, ки Толибонро ба расмият эътироф карда, ба онҳо нерӯи маънавӣ ва моддӣ бахшиданд”, - мегӯяд Аҳмади Масъуд.
Вай мегӯяд, неруҳои Амрико ва НАТО тӯли 20 соли охир теъдоди калони силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаҳои ҳарбиро вориди Афғонистон кардаанд, ҳамаи он имрӯз бо нақшаи пешакӣ таҳрезишуда бо Ашраф Ғанӣ ба дасти “Толибон”*, ДОИШ* ва Ал-қоида* тақсим карда шуда, дар оянда бар зидди инсоният истифода хоҳанд шуд.
“Ҳоло бошад, Толибон* бар хилофи ваъдаҳои кардаашон оид ба риояи ҳуқуқи инсон аз ин аслиҳа кӯдакон ва занҳои Панҷшер ва сокинони дигар манотиқи Афғонистонро кушта, аз нигоҳи мазҳабӣ ва қавмгароӣ ҷиноятҳои зидди аҳли башарро анҷом дода истодаанд”, - гуфтааст ӯ.
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"
Ин сиёсатмадори ҷавони Афғонистон гуфтааст, аслан барои “Толибон”* арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва инсонӣ ҳеҷ аҳамияте надошта, ҳамаро ба харобазор табдил дода, ёдгориҳое, ки таърихи 4-5 ҳазорсола доранд, несту нобуд мекунанд.
“Имрӯз бошад, онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳукумати қотилу ғосибро ба номи Аморати Исломӣ таъсис дода, эътирофи дунёро ба даст оранд. Мутаассифона, бархе аз давлатҳо аз даҳшати Толибон* ба тарсу ҳарос онҳоро эътироф намуда, хушомад мезананд”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд.
Вай мегӯяд, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон имрӯз на танҳо барои Панҷшер, балки барои ҳимояи кулли мардуми Афғонистон ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи аҳли башар муборизаро пеш мебарад.
“Агар ин раванд идома ёфта, пеши роҳи ин "силоҳи қатли ом" гирифта нашавад, тақвияти фаъолияти ин гуруҳҳои ифротӣ имрӯз ё фардо ба зудтарин фурсат ҷаҳонро фаро мегирад. Фардо дер хоҳад шуд. Ин амри воқеӣ ва мантиқӣ аст”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд.
Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, то аз ин фоҷиаи зиддибашарӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ намоянд ва бетараф набошанд.
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Толибон* алайҳи занони эътирозгар гази ашковар ва зӯрӣ истифода карданд
“Мо бар зидди касе ҷанг эълон накардаем ва фақат ҳоло худро ҳимоя мекунем. Мо мардуми бонангу номуси Панҷшер то қатраи охирини хуни худ бар зидди ин қотилони зидди одамият мардонавор мубориза хоҳем бурд. Дуруд ба касоне, ки паҳлӯи мо бошанд”, - гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Дар анҷоми муроҷиатномаи худ Аҳмади Масъуд гуфтааст, агар касе ҳам ба дарди мо нарасад, мо бар зидди ин душманони инсоният муборизаро бурда, дар ин роҳ агар шаҳид ҳам шавем, бигзор ҳама донанд, ки ҳар як нафари кушташуда рамзи озодии инсонияти рӯи олам дар хотираи тамоми мардуми дунё бимонад.
Аҳмади Масъуд ҷабҳаеро раҳбарӣ мекунад, ки дар Панҷшер, танҳо вилояти озод аз сайтараи “Толибон” як муқовиматеро алайҳи ин гуруҳ ба роҳ мондааст. Ӯ ҳамагӣ 33 сол дошта, ба танҳоӣ алайҳи як гуруҳи тундрав қомат рост кардааст. Ҳоло ӯ дар Панҷшер қарор дошта, машғули мубориза бо “Толибон”* ва гуруҳҳои ҳамкораш – “Ал-қоида”* – ву дигар созмонҳои террористии ҷаҳону минтақа аст.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала